ФУТБОЛ. Иштирокчиёни марҳилаи 1/8-финали Ҷоми Тоҷикистон-2021 муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 25.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2021 оид ба намуди футбол дар варзишгоҳҳои мамлакат дар сатҳи баланд баргузор шуда, иштирокчиёни марҳилаи 1/8-финалӣ муайян гардиданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дастаҳои Лигаи якум – «Моҳир»-и ноҳияи Ёвон, «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ, «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ , «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ, «Пахтакор» ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ба даври навбатии Ҷоми Тоҷикистон-2021 роҳ ёфтанд ва ҳамроҳ бо 10 дастаи Лигаи олӣ барои ба даст овардани ҷом талош мекунанд.
Ёдрас менамоем, ки ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2021 имкон пайдо мекунад, ки кишварро дар Ҷоми КФО-2022 намояндагӣ кунад. Дар сурати як даста чемпиони Тоҷикистон ва ғолиби Ҷоми Тоҷикистон будан барандаи медалҳои биринҷии Чемпионати Тоҷикистон ба Ҷоми КФО-2022 роҳхат мегирад.
Ҷоми Тоҷикистон-2021
Марҳилаи муқаддамотӣ
«Регар-ТадАЗ» – «Исфара» – 11:0
Голҳо: Фирӯз Қараев, 5 – аз пеналтӣ (1:0). Шуҳрат Элмуродов, 16 (2:0). Парвиз Бахтиёрзода, 19 (3:0). Алишер Шарипов, 21 (4:0). Шавкати Ҳотам, 27 (5:0). Акбар Бобомуродов, 30 (6:0). Шерзод Муҳаммадиев, 37 (7:0). Эмомалӣ Аҳмадхон, 43 (8:0). Азизбек Ҳаитов, 54 (9:0). Акбар Бобомуродов, 68 (10:0). Амин Эргашев, 85 (11:0).
«Моҳир» – «Барқчӣ» – 1:0
Гол: Акмал Зулпалиев, 1.
«Саройкамар» – «Ваҳдат» – 3:2
Голҳо: Умедҷон Азизов, 26 – аз пеналтӣ (0:1). Фаридун Нарзуллоев, 37 (0:2). Ҳиматулло Малодӯстов, 61 (1:2). Мунис Расулов, 73 (2:2). Ҳиматулло Малодӯстов, 90+3 (3:2).
«Панҷшер» – «Равшан» (Зафарабад) – 2:0
Голҳо: Шавкат Худойназаров, 65 – аз пеналтӣ (1:0). Шавкат Худойназаров, 75 (2:0).
«Динамо» – «Ҳулбук» – 1:3
Голҳо: Амирҷон Алихонов, 21 (0:1). Гурез Аслонов, 41 (0:2). Самариддин Расулов, 88 (0:3). Фахриддин Аҳтамов, 90+2 (1:3).
«Пахтакор» – «Ҳосилот» – 3:2
Голҳо: Баҳриддин Муҳиддинов, 10 (1:0). Исроил Сомон, 20 (1:1). Далер Шарипов, 50 (2:1). Хайрулло Азизов, 58 (2:2). Фарҳодҷон Бобоев, 108 (3:2).








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






