ФУТБОЛ. «Истиқлол» бозии нахустинашро дар Лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон бо ғалаба оғоз намуд

Май 11, 2021 08:58

ДУШАНБЕ, 11.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  пас аз иштироки муваффақона дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар Лигаи олии Тоҷикистон аввалин бозиашро анҷом дод.  «Истиқлол» дар доираи бозиҳои даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ бар дастаи КМВА бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаи рақобатро Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 14-ум ба нишон расонид. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар бозии марказии давр дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бар  дастаи  «Истравшан»-и шаҳри Истаравшан  бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Се голи хуҷандиҳоро Артём Сердюк ба ҳадаф расонид. Голҳои дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшанро  Илҳомҷон Баротов ва Бахтиёр Абдураҳмонов заданд.

Дар бозӣ миёни ду дастаи вилояти Хатлон – «Равшан» ва «Хатлон»   дастаи футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  бо ҳисоби 2:1 ғолиб шуд. Ҳисоби бозиро футболбози бохтарӣ Нуриддин Ҳамроқулов дар дақиқаи 17-ум кушод. Ҳамдастааш Тоҳирҷон Тағойзода дар дақиқаи 79 ҳисобро афзуд. Кӯлобиҳо ба ин ду гол тавассути Эффаҳ Кингслей Осей бо ягол ҷавоб доданд.

Бозии дигар миёни дастаҳои футболи  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  ва «Душанбе»-и шаҳри Душанбе  бо ҳисоби  мусовии 2:2 анҷом ёфт. Люк Леонел аз дастаи «Душанбе» ду гол зад. Голҳои  дастаи «Кӯктош»-ро Расул Файзов ва Суҳроб Раҳмонов ба номашон сабт карданд.

Ниҳоят дар бозии охирини давр  дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ  аз дастаи футболи  «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 1:3 мағлуб гардид. Шаҳзод Абдураҳимов ба нафъи дастаи  «Эсхата» дар дақиқаи 43 ҳисобро кушод, пас аз 5 дақиқа Маҳмадалӣ Содиқов ҳисобро баробар кард. Дар нимаи дуюм дастаи  «Эсхата»  тавассути Боҳирҷон Сангинбоев ва Абдусамад Самадов ду голи дигар зада, ғалабаи дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷандро  дар ин бозии ҷолиб таъмин кард.

Ҳамин тариқ, пас аз натиҷагирии шаш даври бозиҳо  дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  бо 13 хол садрнишини ҷадвали чемпионат аст. Намояндаи дигари вилояти Суғд – дастаи  «Эсхата», ки 8 хол дорад, дар ҷои дуюм ва дастаи футболи  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ низ бо 8 хол дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.

Ёдовар мешавем,ки  бозиҳои навбатии Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ 15-16 май доир мегарданд. 15 май дастаҳои футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  бо    «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ,  16 май  дастаҳои футболи  «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд  бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, «Душанбе»-и шаҳри Душанбе  бо «Истравшан»-и шаҳри Истаравшан  вомехӯранд. Вале қабл аз ин 12 май бозии мавқуфмондаи даври аввал миёни дастаҳои «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  баргузор мешавад.

Дар даври шашум бозиҳо бо иштироки дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бинобар сабаби ширкаташон дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2021 (14-20 май) сурат намегиранд.

АКС аз ФФТ

 

Май 11, 2021 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд