Гӯштингирони тоҷик аз роҳхатҳои Бозиҳои олимпӣ бенасиб монданд

Май 11, 2021 09:50

ДУШАНБЕ, 11.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони тоҷик аз  намуди гӯштини варзишӣ натавонистанд роҳхати Бозиҳои олимпии Токиоро ба даст оваранд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Мусобиқаи ниҳоии интихобӣ оид ба гӯштин барои иштирок дар  Бозиҳои олимпии Токио 6-9 май дар  шаҳри Софияи Булғористон баргузор шуд.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ  5 варзишгар иштирок карданд, вале натавонистанд соҳиби роҳхати олимпӣ гарданд:

Гӯштини тарзи озод
57кг – Муҳаммад Икромов
86кг – Баҳодур Қодиров
125кг – Искандари Рустамов

Гӯштини юнонӣ-румӣ
60кг – Фирӯз Мирзораҷабов
77кг – Далер Ризозода

Муҳаммад Икромов дар вазни 55кг ҷои панҷум, Искандари Рустам дар вазни 125кг ҷои ҳафтум ва Фируз Мирзораҷабов дар вазни 60кг ҷойи нуҳумро сазовор шуданд.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин, дар Мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳонӣ дар София 474 варзишгар аз 84 давлати дунё ширкат доштанд.

Хотиррасон мешавем, ки дар Бозиҳои олимпӣ аз рӯи намуди гӯштин 288 варзишгар (192 мард, 96 зан) аз тамоми ҷаҳон ширкат мекунанд ва дар 18 категорияи вазнӣ (равияи тарзи озод — 6 вазн миёни мардон, 6 вазн миёни бонувон ва равияи юнонӣ-римӣ — 6 вазн миёни мардон) барои ҷоизаҳои олимпӣ талош менамоянд.

Ҳамин тариқ, намояндагони 60 давлат имкони иштирок дар Бозиҳои олимпии Токиоро пайдо намуданд. Аз ҳама бештар Россия (17), Штатҳои Муттаҳида (15), Япония (12), Эрон, Чин ва Қазоқистон (11) роҳхатҳои олимпиро сазовор гардиданд. Дар гӯштини озод Эрон ва Россия бо ҳайати мукаммал (6 нафар) ба Токио сафар мекунанд. Дар гӯштини бонувон Чин, Япония, Муғулистон, Россия ва Штатҳои Муттаҳида дастаи мунтахабашонро пурра карданд (6 нафар).

                                                                                                                                          Акс аз манбаъҳои боз

Май 11, 2021 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад