Хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баъд аз ҷамъбасти аттестатсия ба таътили тобистона мераванд

Май 5, 2021 14:30

ДУШАНБЕ, 05.05.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пас аз ҷамъбасти аттестатсия ба таътили тобистона, ки то 31 август идома меёбад, фиристода мешаванд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Мавриди зикр аст, ки аз 25  сентябри соли 2018 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016» ба тасвиб расид. Тибқи он ба Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016 тасдиқ шудааст, тағйирот ворид карда шуд.

Тибқи тағйироти роҳандозишуда, соли таҳсил 36 ҳафтаи таълимӣ (барои синфҳои якум 35 ҳафта)-ро дар бар гирифта, ба чор чоряк тақсим гардид.

Чоряки якум аз 1 сентябр то 31 октябр, чоряки дуюм аз 11 ноябр то 31 декабр, чоряки сеюм аз 11 январ то 20 март ва чоряки чорум аз 1 апрел то 14 июн идома меёбад.

Инчунин таътили тирамоҳӣ 10 рӯз (аз 1 то 10 ноябр), таътили зимистона 10 рӯз (аз 1 то 10 январ), таътили баҳорӣ 7 рӯз (аз 25 то 31 март) ва таътили тобистона пас аз анҷоми соли таҳсил ва ҷамъбасти аттестатсия то 31 август идома ёфта, машғулият барои хонандагони синфҳои 1 як ҳафта пеш аз анҷоми соли таҳсил ба охир мерасад.

Бояд гуфт, ки дар соли 2020 вобаста ба паҳншавии бемории сироятии коронавирус-Ковид-19 Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Ковид-19  қарор қабул намуд, ки хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 16 август ба таътили тобистона фиристода шаванд. Идомаи таҳсил аз 17 август оғоз гардид. Хушбахтона, аз охирҳои моҳи декабри соли 2020 то имрӯз дар мамлакат ягон ҳолати нави гирифтории шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини сардори Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёратшоҳ Назруллозода иброз дошт, «таътили тобистона баъд аз аттестатсияи аз синф ба синфгузаронӣ оғоз мешавад. Синфҳои якум аз 7 июн ва синфҳои 2 то 14 июни соли равон ба таътили тобистона фиристода мешаванд».

Мавсуф зикр намуд, ки дар таътили тобистона дар муассисаҳи таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ баргузории якчанд барномаҳои таълимию тарбиявӣ пешбинӣ гардидааст. Айни замон дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагӣ фаъолият менамояд, ки тибқи  нақша миёни хонандагон барномаҳои гуногун роҳандозӣ менамояд. Инчунин дар таътили тобистона ҷалби хонандагон ба истироҳатгоҳҳои тобистона ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин Вазорати маориф ва илми мамлакат рӯйхати адабиёти бадеиро ба хонандагон тавсия намудааст, ки дар таътили тобистона хонандагон метавонанд  мутолиа намоянд. Дар назди муассисаҳои таълимӣ истироҳатгоҳҳо ташкил карда шуда, хонандагон дар онҳо ба бозиҳои гуногуни варзишӣ, мусобиқаҳои шеърхонӣ ва дигар озмунҳо ҷалб мешаванд.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, тибқи ҷадвали тасдиқгардида омӯзгорон дар таътили тобистона ба рухсатии меҳнатӣ мебароянд. Қисме аз омӯзгорон, ки шогирдони онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат»  ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  иштирок меварзанд, бо онҳо машқу тамрин менамоянд.

Мавсуф зикр намуд, ки имсол бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоён мегарданд, бо туҳфаҳову ифтихорномаҳо қадрдонӣ мегарданд. Ин қадрдонии Сарвари мамлакат масъулияти омӯзгоронро бештар намудааст, то шогирдони намунавӣ ва хушахлоқ тарбия намоянд.

Ҳоло дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ   марказҳои  кӯдакон ва наврасон фаъолият дошта,  дар вақти таътил дар онҳо  ба таври  ройгон дарсҳои иловагӣ ташкил карда мешаванд.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

 АКСҲ аз Вазорати маориф ва илми ҶТ ва манбаъҳои боз

Май 5, 2021 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид