ИМРӮЗ — РӮЗИ ФЛОТИ УҚЁНУСИ ОРОМ. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар он ҷо се сол, аз соли 1971 то 1974 хизмат кардаанд
ДУШАНБЕ, 21.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз — Рӯзи флоти Уқёнуси Ором аст, ки ҳар сол 21 май ба ифтихори таъсиси бандари ҳарбии Охотск, ки 10 (21) майи 1731 сурат гирифта буд ва аввалин воҳиди доимии ҳарбӣ — баҳрии собиқ СССР (ҳоло Россия) дар Шарқи Дур буд, таҷлил карда мешавад.
Флоти Уқёнуси Ором. Сарҳадҳои шарқии собиқ кишвари азим. Президенти ояндаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1971 то 1974 дар он ҷо хидмати низомиро адо кардаанд. Ватани хурди Эмомалӣ Раҳмон — Данғара аст. Барои ҷавонписарони деҳотӣ хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи муқаддас аст. Барои гусели ҷавон ба артиш ҳама- пиру ҷавон, аз хурд то бузурги ватани кӯчаки ӯ — Данғара ҷамъ омада буданд.
«Маросими гусел ҷашни калон буд — палав ва ғизоҳои дигар пухта мешуд. Пайваста мусиқӣ садо медод, ин хеле шавқовар ва фараҳбахш буд. Лаҳзаи гусели даъватшавандаҳо аз хона оғоз меёфт ва дар истгоҳҳои роҳи оҳан хатм мешуд ва наваскарон аз он ҷо бо қатораҳо ба гӯшаҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ барои хидмат мерафтанд», — ба ёд меорад собиқадори меҳнат Сафар Пиронов.
Хизмат дар Флоти Уқёнуси Ором орзуи ҳар даъватшаванда буд. То ба он ҷо расидан тамоми кишварро мебинӣ. Эмомалӣ Раҳмонро ба кишвари Приморск фиристоданд. Аммо пеш аз ин дар Хабаровск «омӯзиш» буд ва дар он ҷо омодагии сафӣ ва рондани заврақро ба наваскарон меомӯзониданд.
«Заврақи Президенти мо сазовори ҷои аввал шуд. Барои омодагии хуби сиёсӣ ба ӯ 10 рӯз рухсатӣ доданд ва ба волидонаш сипоснома фиристоданд», — мегӯяд ҳамхизмати Эмомалӣ Раҳмон Холмаҳмад Абдулхайров.
Он вақт ва ҳоло ҳам ба флот беҳтаринҳоро — бачаҳои аълохон, дорои саломатии хуб, ихтисоси корӣ ва тарҷумаи ҳоли чун булӯр тозаро мегирифтанд.
«Даъват ба флот бесабаб набуд, ОКТ -ро бо ихтисоси барқчӣ хатм карда ва ҳатто каме ба сифати барқчӣ кор карда буданд. Дар дасти мо акси Эмомалӣ Раҳмонов — старшинаи бебоки дараҷаи аввал, бо нигоҳи қатъӣ, тануманд ва чеҳраи боирода мавҷуд аст», — зикр мекунад роҳбалади Осорхонаи ҳарбӣ — таърихии Флоти Уқёнуси Ором Юрий Сиромятников (Владивосток).
Дар тӯли се соли хизмат Эмомалӣ Раҳмон сазовори рутбаи старшинаи дараҷаи аввал — мушобеҳи сержант дар неруҳои хушкигард гардиданд.
«Агар истеъдод ва ирода дошта бошӣ, пас метавонӣ ба одамон таъсир расонӣ ва роҳнамои онҳо гардӣ. Метавонӣ онҳоро биомӯзонӣ, яъне ту аз лиҳози омодагии касбӣ оид ба ин ихтисос ва вазифа нисбат ба онҳо бартарӣ дорӣ. Ин, боз мегӯям, ки на ба ҳама муяссар мешавад», -илова мекунад Юрий Сиромятников.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






