Иштирокчии ҷанг, сокини ноҳияи Қӯбодиён Мамат Тошматов низ аз кумаки Пешвои миллат баҳраманд гардид
ДУШАНБЕ, 06.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон (солҳои 1941-1945), истиқоматкунандаи деҳаи Миршикори ҷамоати деҳоти ба номи Э.Ниёзови ноҳияи Қӯбодиёни вилояти Хатлон Мамат Тошматови 95-сола ҳам аз кумакпулии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳраманд гардид.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қӯбодиён ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Тоҳир Каримзода бо намояндагони мақомоти иҷроияи ноҳияи мазкур ба аёдати Мамат Тошматов рафта, маблағи 10 ҳазор сомонӣ -кумакпулии якдаъфаинаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба он кас супориданд.
Иштирокчии ҶДҶ Мамат Тошматов барои чунин ғамхорию қадршиносӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, зикр кард, ки аз ин иқдоми наҷиб ниҳоят хушҳол ва фараҳманд аст, зеро пас аз ин гуна таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат кас худро танҳою нотавон эҳсос намекунад.
Мамат Тошматов барои пояндагии сулҳу ваҳдати миллӣ ва осоиштагии ҷовидонаи Тоҷикистон, муваффақиятҳои беназир ва барори кор дар фаъолияти Пешвои миллат даст ба дуо бардошта, насли наврасро ба дӯст доштани Ватан ва хизмати содиқона кардан ба миллат даъват намуд.
Мамат Тошматов ҳамчунин дар ҳаққи сарбозоне, ки охири моҳи апрел дар шаҳри Исфара барои дифоъ аз марзу буми Ватан ҷони худро фидо карданд, дуои хайр намуда, иброз дошт, ки корнамоии ин фарзандони ҷасури Ватан дар хотираҳо абадан боқӣ мемонад.








Ба шарафи варзишгарони тоҷик Парчами давлатии Тоҷикистон зиёда аз 850 маротиба баланд бардошта шуд
Сокинони Рашт бо парчамҳои давлатӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Беш аз 30 ҳазор сокинони Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Дар Бохтар беш аз 40 ҳазор нафар ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ намуданд
ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАТОРИ БАЛАНДТАРИН ПАРЧАМҲОИ ҶАҲОН. Эҳдо ба Рӯзи Парчами миллӣ
Дар Тоҷикистон Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизӣ қабул гардид
ПАРЧАМИ МИЛЛӢ — ТАҶАССУМГАРИ ҲУВИЯТИ ТАЪРИХ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар Рӯзи Парчами давлатӣ
АВВАЛИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Ин парчами таърихӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба фарзандон аз синни хурдсолӣ бояд маънии парчамдориву соҳибдавлатӣ, арзиши сулҳу ваҳдатро омӯзонем»
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами давлатиро ботантана ҷашн гирифтанд
Арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди ватандӯст, — бардошт аз ҳамоиш дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад






