«Истиқлол» пас аз роҳ ёфтан ба марҳилаи 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳои КФО-2021 ба Ватан баргашт

Май 3, 2021 08:17

ДУШАНБЕ, 03.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз  чемпиони Тоҷикистон-дастаи футболи   «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе, ки ғолиби гурӯҳи «А» -и Лигаи чемпионҳои AFC-2021 шуда, роҳхат ба марҳилаи 1/8-финалии мусобиқаро ба даст оварда буд, ба Ватан баргашт. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри  Душанберо  роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон, намояндагони ВАО ва мухлисони сершумор пешвоз гирифтанд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои AFC-2021, ки аз 15  то 30  апрел дар  шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор шуд,  дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе шаш бозӣ гузаронида, се ғалаба ба даст овард.  Чемпиони Тоҷикистон бо даҳ имтиёз дар гурӯҳи «А» мақоми аввалро касб карда, ба даври 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳои AFC-2021 баромад. Акнун дар даври плей-офф  дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо дастаи  «Персеполис» -и Эрон бозӣ хоҳад кард.

Лигаи чемпионҳои КФО-2021

Гурӯҳи «А». Даври 6-ум

«Истиқлол» (Тоҷикситон – АГМК (Ӯзбекистан) – 1:2

Голҳо: Зафар Полвонов, 67 (0:1). Йован Ҷокич, 79 (0:2). Рустам Соиров, 87 (пен) (1:2).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Муҳаммаҷон Раҳимов, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров, Шаҳром Сулаймонов (Хуршед Ҷураев, 81), Алишер Ҷалилов, Рустам Соиров, Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Ҷалилов.

«Ал-Ҳилoл» (Арабистони Саудӣ) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) – 0:2

Лигаи чемпионҳои КФО-2021

Гурӯҳи «А»

Даври 5-ум

«Шабоб Ал-Аҳлӣ» (АМА) — «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 0:1

Гол: Алишер Ҷалилов, 90+7.

Лигаи чемпионҳои Осиё-2021

Гурӯҳи «А». 4-ум давр

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – 4:1
Голҳо: Бафетимби Гомис, 24 (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 39 (1:1). Манучеҳр Ҷалилов, 44 (2:1). Манучеҳр Сафаров, 49 (3:1). Манучеҳр Сафаров, 52 (4:1).

Беҳтарин бозингари дидор: Манучеҳр Сафаров («Истиқлол»).
24 апрел. Риёз. Варзишгоҳи шоҳзода Файсал ибни Фаҳд.

«Шабоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА) – АГМК (Ӯзбекистон) – 3:1

Лигаи  чемпионҳои Осиё (даври 3-юм)

«Ал-Ҳилол» -«Истиқлол» 3:1 (1:1)

Голҳо: Булайҳӣ ’39, Ҳаннонов ’41, Баҳебрӣ ’52,’64

Лигаи чемпионҳои Осиё-2021

Гурӯҳи «А». 2-юм давр

АГМК (Ӯзбекистон) – «Истиқлол»-и Тоҷикистон – 2:3
Голҳо: Йован Ҷокич, 45+1 – ба дарвозаи дастаи худ (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 54 (0:2). Зафар Полвонов, 57 (1:2). Муҳаммадҷон Раҳимов, 80 (1:3). Зафар Полвонов, 90+1 (2:3).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров (Ваҳдат Ханонов, 46), Муҳаммадҷон Раҳимов (Аҳтам Назаров, 90+3), Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов, Алишер Ҷалилов, Ҳусейн Доған (Рустам Соиров, 90+3), Манучеҳр Ҷалилов.

Беҳтарин бозингар: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

18 апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии ба номи шоҳ Фаҳд.

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – 0:2
Лигаи чемпионҳои КФО-2021

Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) – 0:0

 «Ал-Ҳилол» (А. Саудӣ) – АГМК (Ӯзбекистон) – 2:2

     Б  Ғ  М    Б    Т-Т    Х 
1 «Истиқлол» (Тоҷикистон)  6  3  1  2 10-8  10
2 «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)    6  3  1  2  11-9  10
3 «Шабоб Ал-Аҳлӣ» (АМА)  6  2  1  3  6-6  8
4 АГМК (Ӯзбекистон)  6  2  1 3  9-13  7
Май 3, 2021 08:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад