Кормандони ВКД дар канори мардуми офатзадаи ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш, Восеъ ва шаҳри Кӯлоб қарор доранд

Май 16, 2021 09:07

ДУШАНБЕ, 16.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 15 май бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон аз ҳисоби кормандони ҳайати шахсии Раёсат ва шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳо дар баробари таъмини амнияти шаҳрвандон, пешгирии ҷинояткорӣ, ҳамчунин баҳри рафъи камбудиҳо, тоза кардани кӯчаҳо ва манзилҳои истиқоматии бар асари офатҳои табиии рӯзҳои охир зарардидаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб  кумак расонида шуд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, иқдоми мазкур дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуда, мақсад аз он дастгирии сокинони аз офатҳои табиӣ зарардида мебошад.

Кормандони милитсия бо дарки баланди масъулият ба минтақаи селзада сафарбар гардида, кумаки худро аз зарардидаҳо дареғ намедоранд. Инчунин онҳо чанд рӯз аст, ки баҳри бартараф кардани камбудиҳо камари ҳиммат баста, дар ҳама лаҳзаҳо канори мардуми офатзадаи ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш, Восеъ ва шаҳри Кӯлоб қарор доранд.

                                      АКСҲО аз сомонаи ВКД ҶТ

Май 16, 2021 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид