Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА муайян шуд
ДУШАНБЕ, 27.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 27 май Федератсияи байналмилалии футбол рейтинги нави худро нашр намуд, ки тибқи он дастаи мунтахаби Тоҷикистон мавқеашро иваз накарда, бо касби 1151.1 имтиёз дар зинаи 121-ум қарор гирифт. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар байни кишварҳои Осиё аз ҳама натиҷаи беҳтарро дастаи мунтахаби Япония дорад, ки бо касби 1509.34 хол дар зинаи 28-уми раддабандӣ қарор дорад. Дар раддабандии КФО дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷои 22-юм ҷой дорад. Дар феҳристи раддабандии ҷадиди ФИФА дастаи мунтахаби Белгия бо 1783.38 имтиёз дар зинаи якум, дастаҳои мунтахаби Франсия бо 1757.3 имтиёз дар ҷойи дуюм ва Бразилия бо 1742.65 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор доранд.
Топ-10 рейтинги ФИФА дар айни ҳол ба таври зайл аст:
- Белгия (1783.38)
- Франсия (1757.3)
- Бразилия (1742.65)
- Англия (1686.78)
- Португалия (1666.12)
- Испания (1648.13)
- Италия (1642.06)
- Аргентина (1641.95)
- Уругвай (1639.08)
- Дания (1631.55)
…
- Тоҷикистон (1151.1).
Акс аз ФФТ








Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд






