Муҳриддин Низомӣ: Меҳри устод Мирзо Турсунзода дар ошёни баландтарин — дили халқ маъво гирифтааст

Май 1, 2021 10:30

ДУШАНБЕ, 01.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода 30 апрел дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»  ду ҳамоиши фарҳангӣ — пардабардорӣ аз рӯйи нимпайкараи нави устод Турсунзода ва Конфронси ҷумҳуриявии илмию назариявӣ таҳти унвони  «Нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ» доир гардиданд.

Дар он муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини Вазири фарҳанги мамлакат Манучеҳр Шарифзода, ректори Консерваторияи миллӣ Миралӣ Достизода, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Боймурод Шарифзода, духтари устод Фирӯза Турсунзода, ректори вақти донишкада Тамара Махсумова, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мисбоҳиддини Нарзиқул, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд.

Нахуст бо ҳузури иштирокдорони ҳамоишҳои фарҳангӣ таҳти навои мусиқии марғуб парда аз рӯи нимпайкараи нави устод Мирзо Турсунзода бардошта шуд. Ҳамзамон донишҷӯёни донишкада аз осори устод Мирзо Турсунзода шеърҳои маҳбубу машҳурро, ки муҳтавояшон саршор аз нангу ғурури ватандорӣ, ваҳдату дӯстӣ, сулҳу осоиштагӣ ва хулқу атвори неки инсонӣ буданд, қироат намуда, хотири фарзанди фарзонаи миллатро гиромӣ доштанд.

Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳозиринро бо ин падидаи  фараҳбахш, ки мояи ифтихору шодмонии аҳли фарҳангу ҳунари мамлакат, бахусус ҳайати профессорону устодон, донишҷӯёну кормандони муассиса гардид, табрик намуда, иброз дошт, ки «меҳри устод Мирзо Турсунзода дар ошёни баландтарин — дили халқ маъво гирифтааст ва халқ хотираи неки фарзанди маҳбуби хешро то абад ҳифз хоҳад кард. Шоири башардӯст дар хонаи дили худ на танҳо меҳру муҳаббати халқи азизаш, балки озодихоҳони ҷаҳонро низ ҷой дода буд».

Сипас меҳмонон ва устодону донишҷӯён дар толори «Арғунун» дар Конфронси  ҷумҳуриявии илмию назариявии «Нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ» ширкат намуданд.

Ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ тазаккур дод, ки «устод Мирзо Турсунзода бо фарҳангу миллати худ ҳамеша мефах­ри­ду миллат бо ин фарзанди боистеъдоду некномаш. Шоир ҳамеша кӯшиш мекард, ки ба миллату Ватани худ хизмати  шоис­та намояд, бо халқ ҳам­нафасу ҳамқадам бошад, суханро ба ман­фи­ати давлат ва ҷамъият исти­фо­да созад. Ашъори дилпазири шоир муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти мам­лакат, дарди миллат ва орзуву ормонҳои ӯро  дар бар мегиранд.  Ҳоло онҳо на танҳо арзишҳои олии иҷтимоии хал­қи то­ҷик, балки  идеалҳои  инсонпарваронаи дигар миллат­ҳоро низ ифода намуда, ба манфиати пешрафти иҷтимоӣ, сулҳ ва ҳам­кории халқҳои ҷаҳон хизмат мекунанд. Бесабаб нест, ки асарҳои шоири шуҳратёри тоҷик ба беш аз пан­ҷоҳ забони халқҳои ҷаҳон тар­ҷума шудаанд».

Муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд зикр намуд, ки  «тараннуми дӯстии халқҳо аз ҷумлаи мавзӯоти меҳварии ашъори устод Мирзо Турсунзода ба шумор меравад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки симои ин шоири миллии мо ба ҳукми як чеҳраи нотакрори сулҳпарвар, мубаллиғи дӯстии халқҳои олам дар саросари ҷаҳон муаррифӣ гардидааст».

Муовини Вазири фарҳанг Манучеҳр Шарифзода иброз дошт, ки «устод Мирзо Турсунзода ҳамчун арбоби ҷамъиятӣ, публитсист, вассофи шуълавари дӯстиву бародарии халқҳо ҳаёти ибратбахшеро аз сар гузаронидааст. Ӯ дар радифи машҳуртарин нависандагон ва арбобони даврони худ сазовори унвони олии «Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ» гардида буд. Хизмату талошҳои ӯ мисли Садриддин Айниву Бобоҷон Ғафуров дар роҳи ташаккул ва таҳкими ҳувияти миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ, посдории нангу номуси Ватан, ифтихори баланди давлатдорӣ, пойдории сулҳу амният ва ваҳдати халқи ҷаҳон беш аз пеш ҷилвагар мегардад. Аз ин рӯ, ӯ барҳақ Қаҳрамони Тоҷикистон  аст».

Духтари устод Мирзо Турсунзода- Фирӯза Турсунзода барои дар сатҳи баланд гузаронидани  110- солагии падари бузургвораш ба ташкилкунандагони ҷашнвора изҳори сипос намуда, хотироти хешро аз ҳаёту фаъолияти қиблагоҳаш  баён намуд. Мавсуф инчунин ба тарзи шеърхонии донишҷӯён баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки барои ба ормонҳои хеш расидан пайваста меҳнат намоянд.

Собиқ ректори донишкада Тамара Махсумова аз сафаре ба шаҳри Боку ёдовар шуд, ки ҳамроҳи академик Бобоҷон Ғафуров ва устод Мирзо Турсунзода барои иштирок дар конференсияи байналмилалӣ  рафта буд. Ӯ бо ифтихор зикр кард, ки ин ду абармарди миллатро ҳамагон бо нидоҳои «Ғафуров, Ғафуров, Ғафуров!» ва «Турсунзода, Турсунзода, Турсунзода!» истиқбол гирифта, зимни суханрониашон кафкӯбиҳои бардавом намуданд. Ин аз он шаҳодат медод, ки фарзандони содиқи Тоҷикистони маҳбубро на танҳо дар саросари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, балки ҷаҳон шинохтаву эътироф кардаанд.

Дар поёни қисмати ифтитоҳии конфронс бахши фарҳангӣ манзури иштирокдорон гардонда шуд, ки фарогири осори Шоири халқии Тоҷикистон ва Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода буд.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Май 1, 2021 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
НАВРӮЗ ДАР ЗАРАФШОН. Он бо «тухмҷангак»-и кӯдакон оғоз мегардад