Намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба тамошои мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» мераванд
ДУШАНБЕ, 29.05.2021/АМИТ «Ховар»/. 29 май роҳбарони корпусҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ба тамошои мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» мераванд. Онҳо бо ин гӯшаи зебои Тоҷикистон, бо захираҳои табиӣ ва олами набототу ҳайвоноти беназир ва нодиртарин мавзеъҳои табиии давлатӣ — мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон», ки соли 1938 таъсис ёфтааст, шинос мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Шиносоии намояндагони давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бо табиати нотакрори Тоҷикистон барои шуҳрати бештар пайдо кардани боигариҳои табиии Тоҷикистон, аз ҷумла шомил шудани мамнӯъгоҳи мазкур ба феҳристи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ва рушди туризми экологӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Тибқи иттилои манбаъ, аз ҷониби Кумита ҷиҳати оммавигардонӣ ва таблиғи сайёҳии экологӣ дар Тоҷикистон бо 3 забон маълумот омода карда шудааст, ки он ба меҳмонон ҳамчун роҳнамо хизмат хоҳад кард. Ҳамзамон иштирокчиёни ин сафар аз хизмати роҳбаладҳо ва тарҷумонҳои забонҳои русӣ ва англисӣ баҳравар хоҳанд гашт.
Акс аз манбаъҳои боз








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






