ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад

Май 26, 2021 08:09

ДУШАНБЕ, 26.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши сусти борон ба амал меояд.  Дар шарқи вилоят бориши сусти борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5+10 ва  рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона  7+12 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  ҳаво тағйирёбанда шуда, дар водиҳо асосан бебориш (0-0,5мм) шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад.  Раъду барқ ба амал меояд. Шамол  аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 17+22  ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22  дараҷа гарм ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11+16 ва рӯзона 22+27  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ шуда,  дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду  барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 12+17 дараҷа гарм ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона  22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда,   шабона ва саҳаргоҳон асосан бебориш (0-0,5мм) буда, рӯзона дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон дар назар аст.  Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  14+16 ва рӯзона 31+33 дараҷа гарм мешавад.

Май 26, 2021 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияи кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Маркази омӯзишии «Русия бо Шумо» ифтитоҳ ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ОЯНДАИ ФУТБОЛ АЗ ҲОЛО ОҒОЗ МЕЁБАД. Дар Тоҷикистон мусобиқаи васеъмиқёси кӯдакона анҷом ёфт
ZET-MOBILE иқдоми нав оғоз намуд: тарофаҳои «SUPER Қувва» бо тахфифи 50%
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«Ибни Сино ва Абубакри Розӣ — нобиғаҳои тамаддуни башарӣ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд