Ғолибон ва ҷоизадорони Ҷоми Федератсияи тенниси Тоҷикистон миёни наврасон муайян шуданд

Май 25, 2021 09:32

ДУШАНБЕ, 25.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Федератсияи тенниси Тоҷикистон миёни наврасон хеле ҷолиб баргузор гардида, бо  пирӯзии дастаи мунтахаби  наврасони  Ӯзбекистон ба анҷом расид. Дар ин бора аз Федератсияи тенниси Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.

Мусобиқаи мазкур 17-22 май бо иштироки беш аз 60 нафар варзишгарони то 14-солаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон дар сатҳи баланд  сурат гирифт.

Дар ҳамаи рақобатҳо варзишгарони  Ӯзбекистон ғолиб шуданд. Намояндагони Тоҷикистон танҳо дар рақобати ҷуфти духтарон як медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Ғолибон ва ҷоизадорони Ҷоми Федератсияи тенниси Тоҷикистон миёни наврасон (U-14):

Духтарон
1. Милана Тамашевич (Ӯзбекистон)
2. Злата Чинова (Ӯзбекистон)
3. Самира Хазиева (Ӯзбекистон)

Писарон
1. Абдулазиз Усмонҷонов (Ӯзбекистон)
2. Аван Зинатуллин (Ӯзбекистон)
3. Нуриддин Бахтиёров (Ӯзбекистон)

Ҷуфти духтарон
1. Шаҳзода Ортиқбоева / Злата Чинова (Ӯзбекистон)
2. Самира Хазиева / Милана Тамашевич (Ӯзбекистон)
3. Эмили Ким / Кейра Ким (Ӯзбекистон)
3. Анастасия Белоброва / Ёсуман Салимова (Тоҷикистон)

Ҷуфти писарон
1. Ҷавоҳир Мирзокамолов / Абдулазиз Усмонҷонов (Ӯзбекистон)
2. Абдураҳмон Ҳоҷибоев / Абдулло Дилшодов (Ӯзбекистон)
3. Нуриддин Бахтиёров / Амир Сафоев (Ӯзбекистон)
3. Муҳаммадазиз Ҷӯраев / Алан Зинатулин (Ӯзбекистон)

Май 25, 2021 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд