Ғолибони бозиҳои даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 24.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Се бозии даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 21-22 май дар варзишгоҳҳои мамлакат дар сатҳи баланд баргузор гардиданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ дар бозии хонагӣ дастаи КМВА-ро бо ҳисоби 3:1 мағлуб намуд. Шервонӣ Мабатшоев аз дастаи артиш дар дақиқаи 21-уми дидор аз пеналтӣ ҳисобро кушод. Муҳаммадшарифи Саидхоҷа аз дастаи мизбон ду гол ба номаш сабт кард. Голи дигари дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакиро Шарафҷон Солеҳов ба нишон расонид.
Бозӣ миёни дастаҳои футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ ва «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом ёфт. Нимаи аввал бе гол ба анҷом расид. Абдухалил Боронов дар дақиқаҳои 53 ва 63 ду гол зада, дастаи «Файзканд»-ро ба пеш баровард. Вале душанбегиҳо тавассути Ораз Ғаюров дар дақиқаи 71 ҳисобро тағйир доданд. Бозингари дастаи «Файзканд» Доробҷон Эргашев дар дақиқаи 83 ба дарвозаи дастааш гол зада, ҳисобро баробар кард.
Дар бозии дигар дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар майдони худ аз дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд. Худойдод Узоқов ва Тоҳирҷон Тағойзода ба нафъи бохтариҳо ду гол заданд. Отабек Каримов аз дастаи мизбон дар дақиқаи 90+8 як голи истаравшаниҳоро ба ҳадаф расонид.
Ду бозии дигари даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ба вақти дигар гузаронида шудааст.
|
ДАСТАҲО |
Б | Ғ | М | Б | Т | Т | ФТ | Х | |
| 1. | «ХУҶАНД» (ХУҶАНД) | 6 | 4 | 1 | 1 | 14 | 5 | +9 | 13 |
| 2. | «ХАТЛОН» (БОХТАР) | 7 | 3 | 3 | 1 | 9 | 6 | +3 | 12 |
| 3. | «КӮКТОШ» (РӮДАКӢ) | 8 | 3 | 2 | 3 | 10 | 14 | -4 | 11 |
| 4. | «ДУШАНБЕ» (ДУШАНБЕ) | 7 | 2 | 3 | 2 | 12 | 14 | -2 | 9 |
| 5. | «ФАЙЗКАНД» (ВОСЕЪ) | 6 | 2 | 3 | 1 | 7 | 6 | +1 | 9 |
| 6. | «ЭСХАТА» (ХУҶАНД) | 7 | 2 | 2 | 3 | 11 | 11 | 0 | 8 |
| 7. | «ИСТАРАВШАН» (ИСТАРАВШАН) | 7 | 2 | 2 | 3 | 8 | 9 | -1 | 8 |
| 8. | «ИСТИҚЛОЛ» (ДУШАНБЕ) | 3 | 2 | 1 | 0 | 4 | 1 | +3 | 7 |
| 9. | «РАВШАН» (КӮЛОБ) | 6 | 1 | 2 | 3 | 5 | 8 | -3 | 5 |
| 10. | КМВА (ДУШАНБЕ) | 7 | 1 | 1 | 5 | 6 | 12 | -6 | 4 |
Акс аз ФФТ








Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд






