Пагоҳ дар Дубай Чемпионати Осиё-2021 оид ба бокс оғоз мешавад

Май 20, 2021 08:29

ДУШАНБЕ, 20.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 май то 1 июн дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб Чемпионати Осиё-2021 оид ба бокс баргузор мешавад. Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс бори аввал дар таърихи ин мусобиқа аз AIBA мукофотпулӣ мегиранд. Фонди ҷоизавии Чемпионати Осиё-2021 400 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва он ба ғолибон, барандагони медалҳои нуқра ва биринҷӣ дар ҳар вазн тақдим карда мешавад. Дар ин мусобиқаи қоравӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 11 нафар ширкат мекунад.

Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Барои варзишгароне, ки дар Чемпионати Осиё оид ба бокс  дар  вазни худ (ҳам мардон, ҳам бонувон) ҷойи аввалро мегиранд, мукофот 10 000 доллари ИМА мебошад. Барои ҷои дуюм ҷоизаи пулӣ 5000 доллари ИМА ва барои ду ҷои сеюм- ҳар кадом 2500 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

«Мо стратегияи дар аввал ба нақша гирифташударо иҷро мекунем. Боксчиён бояд барои меҳнати пурмашаққаташон мукофот гиранд. Маблағ на танҳо варзишгаронро ҳавасманд мекунад, балки пойдории молиявии онҳо ва оилаҳояшонро низ таъмин менамояд. Мо танҳо ба хотири муштзанҳоямон кор мекунем, онҳо нафарони муҳимтарини созмони мо ҳастанд. Ба ҳамаи ширкаткунандагони Чемпионати Осиё муваффақият ва тансиҳатӣ мехоҳам», — гуфтааст президенти AIBA Умар Кремлев.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Осиё оид ба бокс аз рӯи 10 категорияи вазнӣ миёни бонувон ва 10 категорияи вазнӣ миёни мардон сурат мегирад.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон чунин аст:

Бонувон
-51кг – Сумайя Қосимова
-54кг – Руҳафзо Ҳақназарова
-57кг – Миҷгона Самадова
-60кг – Шоира Зулқайнарова

Мардон
-56кг – Бахтовар Сагизов
-60кг – Абдураҳмон Ёқубов
-64кг – Баҳодур Усмонов (чемпиони феълии Осиё)
-75кг – Абдумалик Болтаев
-81кг – Шаббос Негматуллоев
-91кг – Ҷасур Қурбонов
+91кг – Сиёвуш Зуҳуров

Варзишгаронро дар ин сафар мураббиён Мирзо Шамсиев, Парвиз Ахмедов ва Хуршед Ҷӯраев ҳамроҳӣ мекунанд.  Хотиррасон мешавем, ки  дар намуди бокс варзишгарони мо ду роҳхати Бозиҳои олимпиро ба даст овардаанд. Баҳодур Усмонов дар вазни 64кг ва Шаббос Негматуллоев дар вазни 81кг Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио, ки аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор мешаванд, намояндагӣ мекунанд.

АКС аз КМО Тоҷикистон

Май 20, 2021 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид