ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ
28.05.2021, шаҳри Душанбе
Муҳтарам генералҳо, афсарону прапоршикҳо ва сарбозони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ!
Ҳамаи шуморо, ки ҳамчун сипари боэътимоди давлати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик дар ҳифзи тамомияти арзӣ ва суботу оромии кишвар шабонарӯз хизмати шоиста анҷом медиҳед ва қарзи фарзандии худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон ҷавонмардона иҷро мекунед, ба муносибати 27 – солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ самимона табрик мегӯям.
Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки дар айёми бисёр вазнину ҳассоси таърихи халқамон таъсис дода шуданд, на танҳо барои ҳимояи истиқлоли давлатӣ, пойдории давлатдории миллӣ, ҳимояи марзҳои кишвар ва амнияти ҷомеа саҳми басо арзишманд гузоштанд, балки нишонаи возеҳи истиқлоли сиёсии давлати тоҷикон мебошанд.
Давлату Ҳукумати мамлакат тайи даврони соҳибистиқлолӣ ба таҳкиму таъмини ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои хизмат ва зиндагии ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи доимӣ ва аввалиндараҷа дода, дар тамоми мавзеъҳои сарҳади давлатӣ дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ ва дигар иншооти заруриро бунёд ва ҷузъу томҳои марзбониро бо техникаву таҷҳизоти муосир, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ ва дигар ашёву лавозимоти ҳарбӣ таъмин намуда истодааст.
Ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ барои ҳимояи марзу буми кишвари соҳибистиқлоли худ ҷасорату мардонагӣ ва фидокориҳои зиёд нишон додааст.
Барои софдилонаву садоқатмандона адо намудани хизмати ҳарбӣ дар баробари дигар хизматчиёни воҳидҳову қисмҳои низомии кишвар шумораи зиёди афсарону сарбозони далеру ҷасури Қӯшунҳои сарҳадӣ бо мукофотҳои олии давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ сарфароз гардонида шудаанд.
Даҳҳо нафар хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ барои ҳифзи сохти конститутсионии давлати тозаистиқлоли тоҷикон, таъмини рӯзгори осудаи сокинон, оромиву суботи мамлакат ва ҳангоми амалиёту муҳорибаҳои зиддитеррористӣ ҷони худро қурбон кардаанд, ки мардуми шарифи тоҷик ва давлату Ҳукумати кишвар номи неки онҳоро ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард.
Солҳои охир амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла мардумони минтақаи моро таҳдиду хатарҳои муосир, пеш аз ҳама, терроризму экстремизм, радикализми динӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромилӣ ба таври ҷиддӣ халалдор карда истодаанд.
Дар чунин шароит шумо – афсарону сарбозони ҷасуру далери Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки дар сафи пеши ҳифзи суботу оромии сокинони Ватани маҳбубамон ва амнияти давлату ҷомеаи кишвар қарор доред, бояд бо интизоми оҳанини ҳарбӣ омодагии баланди ҷангиро таъмин намоед, ҳамеша ҳушёру зирак ва барои ҳимояи марзу буми давлат ва зиндагии осоиштаи халқамон доим омода бошед.
Бо эътимоди комил изҳор менамоям, ки шумо – марзбонони шуҷои кишвар ҳамчун фарзандони содиқи мардуми Тоҷикистон ва ҳомиёни далери марзу буми Ватани азизамон минбаъд низ бо ифтихори баланди ватандорӣ ва ҷасорату мардонагӣ барои ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, ҳифзи амнияти миллӣ ва суботу оромии ҷомеа ҳамеша омода хоҳед буд.
Бори дигар ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ – марзбонони далеру ҷасури Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрро ба муносибати 27 – солагии рӯзи таъсисёбии ин сохтори ҳарбии муосир, ки дар соли ҷашни бузургу муқаддаси миллиамон – сисолагии истиқлоли давлатии Ватани маҳбубамон таҷлил мегардад, самимона табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо тандурустӣ, сарбаландӣ ва дар иҷрои уҳдадориҳои душвору пурифтихорашон барору комёбӣ орзу менамоям.
Ҳамеша сарбаланду сарфароз бошед, марзбонони шуҷои Ватан!
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон








Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои нави маъмурӣ ва хобгоҳро дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии инноватсиониро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи маориф ва як корхонаи саноатиро дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо 100 кас аз ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳои фаннию байналмилалӣ ва ятимони кулл аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои баландошёнаи истиқоматии хайриявии Эҳсонро бо маркази савдо ва хизматрасонӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар ҶДММ «Шифобахши Аср»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 7 муассисаи соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуда, бо лоиҳаҳои бунёди 4 муассисаи соҳаи маориф ва 1 иншооти соҳаи варзиш шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва маркази инкишофи кӯдакро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ ба фаъолияти Корхонаи макарони «Руми Паста» оғоз бахшиданд






