Пешвои миллат дастур доданд, ки «Барномаи рушди волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2025» таҳия ва пешниҳод карда шавад
ДУШАНБЕ, 21.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар мулоқот бо ҷавонони мамлакат ба сохторҳо ва мақомоти дахлдор супориш доданд, ки «Барномаи рушди Фаъолияти волонтёрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2025»-ро то моҳи ноябри соли равон таҳия ва пешниҳод кунанд.
Сарвари давлат иброз намуданд, ки тақвияти фаъолияти волонтёрӣ ва таҳким бахшидани иттиҳоду ҳамбастагии ҷавонони кишвар дар атрофи сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат яке аз самтҳои афзалиятноки кор бо ҷавонон мебошад.Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» аз 19 сентябри соли 2013 ин самти фаъолияти ҷамъиятӣ хеле рушд карда, ҳоло дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва сохторҳои маҳаллии он ҳазорҳо нафар ҷавонон ба ҳайси волонтёр муттаҳид гардида, дар чорабиниҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ фаъолона иштирок доранд.
Мактаби волонтёрӣ барои ҷавонон ҳамчун арсаи ба ҳам овардани имконият ва неруи созандаи онҳо ҷиҳати анҷом додани амалҳои хайрхоҳона, иштироки фаъол дар корҳои ҷамъиятии манфиатбахш ва раванди худташаккулёбӣ мусоидат мекунад.
Президенти мамлакат мувофиқи мақсад донистанд, ки ин самти фаъолият боз ҳам тақвият бахшида, неруи қишрҳои гуногуни ҷомеа ва дар навбати аввал, ҷавонон бо истифода аз тарзу воситаҳои волонтёрӣ ба ободу зебо гардонидани Ватани азизамон, ҳифзи муҳити зист, дастгириву кумак ба ятимону маъюбон, пиронсолон, оилаҳои камбизоат ва дигар шахсони ниёзманд равона карда шавад.
ДАР АКС: волонтёрони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон. Аксҳо аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»






