Пешвои миллат марзбононро сипари боэътимоди Тоҷикистон номиданд
ДУШАНБЕ, 28.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон марзбонони кишварро, ки шабонарӯз хизмати шоиста анҷом медиҳед ва қарзи фарзандии худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон ҷавонмардона иҷро мекунанд, сипари боэътимоди давлати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик дар ҳифзи тамомияти арзӣ ва суботу оромӣ номиданд. Дар ин бора Сарвари давлат имрӯз дар Паёми шодбошии худ ба муносибати 27-умин солгарди таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ изҳор доштанд.
Ба гуфтаи Сарвари давлат, Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки дар айёми бисёр вазнину ҳассоси таърихи халқамон таъсис дода шуданд, на танҳо барои ҳимояи истиқлоли давлатӣ, пойдории давлатдории миллӣ, ҳимояи марзҳои кишвар ва амнияти ҷомеа саҳми басо арзишманд гузоштанд, балки нишонаи возеҳи истиқлоли сиёсии давлати тоҷикон мебошанд.
«Солҳои охир амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла мардумони минтақаи моро таҳдиду хатарҳои муосир, пеш аз ҳама, терроризму экстремизм, радикализми динӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромилӣ ба таври ҷиддӣ халалдор карда истодаанд», — зикр карданд Президенти мамлакат.
Пешвои миллат сарҳадбононро ба зиракӣ дар ин давраи душвор даъват карда, таманно намуданд, ки низомиён ба таври сазовор барои Ватан, давлат ва халқ хизмат менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки Раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ 28 майи соли 1994 бо қарори Шӯрои Олии Тоҷикистон дар назди Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ таъсис ёфта буд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд






