Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 13.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз байни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ доир гардид.
Дар оғози суҳбат ҷонибҳо ба муносибати фарорасии Иди мубораки Фитр мубодилаи табрикоти гарм намуда, ба мардумони ду кишвар некӯаҳволӣ ва сулҳу шукуфоӣ орзу карданд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин аҳаммияти мулоқоти қарибулвуқӯи сатҳи олиро ба манзури густариши самарабахши минбаъдаи тамоми маҷмӯи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Қазоқистон таъкид намуданд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо саъйю талошҳои муштарак ҳамкории самараноки миёни ду кишвар дар оянда низ идома хоҳад ёфт.
Ҷонибҳо инчунин баъзе ҷанбаҳои масъалаҳои байнлмилалӣ ва минтақавиро мавриди муҳокима қарор доданд.








Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон






