Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Май 13, 2021 12:10

ДУШАНБЕ, 13.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ доир намуданд.

Дар ҷараёни суҳбат роҳбарони ду давлат дар фазои дӯстӣ ба муносибати фарорасии иди мубораки Фитр бо таманниёти некӯаҳволӣ, сулҳу субот ва шукуфоӣ унвонии мардумони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мубодилаи табрикоти самимӣ намуданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо изҳори қаноатманди раванди рушди босуръати муносибатҳои ҳусни ҳамҷавории дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар сиғаи шарикии стратегӣ таъкид карданд.

Дар ин зимн ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам ғанитар гардидани онҳо бо мазмуну мӯҳтавои нави амалӣ дар натиҷаи музокироти сатҳи олӣ, ки баргузориашон дар ояндаи наздик ба нақша гирифта шудааст, изҳори итминон намуданд.

Дар рафти суҳбат ҳамчунин масъалаҳои алоҳидаи мубрами минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муҳокима гардиданд.

Май 13, 2021 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон