Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбат ба гурӯҳи хизматчиёни ҳарбии Қирғизистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд

Май 3, 2021 14:10

ДУШАНБЕ, 03.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба гурӯҳи хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон бо дастрасии қисми 2,  моддаи 395 (оғоз ё пешбурди ҷанги таҷовузкорона) ва қисми 2, моддаи 104 (одамкушии ду шахс ё бештар аз он, аз ҷумла вобаста ба иҷрои фаъолияти хизматӣ; бо тарзи ба ҳаёти мардуми зиёд хавфнок; аз ҷониби гурӯҳи муташаккил; бо нияти ғаразнок, инчунин марбут ба роҳзанӣ ё бандитизм; бо сабаби нафрат ё хусумати миллӣ, нажодӣ, динӣ, маҳалгароӣ ё интиқоми хунӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд.

Тавре аз Прокуратураи генералии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  29 апрели соли 2021, тахминан соати 11:00, як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбӣ ва сокинони Ҷумҳурии Қирғизистон иборат аз 200 нафар дар рӯбарӯи дидбонгоҳи сарҳадии №2-и «Хоҷаи аъло»-и қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, мавзеи дидбонгоҳи «Головной», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара, дар назди сарбанди обтақсимкунии «Головной» ҳангоми аз ҷониби муҳандисони тоҷик насб гардидани камераҳои мушоҳидавии қаблан мувофиқашуда ҷамъ омаданд.

Сипас, шахсони мазкур аз ягон масъала пурсон нашуда, бо иҷозат ва иштироки бевоситаи ҳокимияти расмӣ, алалхусус хизматчиёни ҳарбии Хадамоти сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон ба тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сангпартоӣ намуда, ҳамзамон ба буридани симчӯбе, ки дар он шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард, оғоз намуданд. Баъдан, иғвои мазкур ба бетартибиҳои оммавӣ, ки аз ҷониби Хадамоти сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон ташкил карда шуд, мубаддал гашт.

Барои ба эътидол овардани вазъ ба ҷои ҳодиса кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ҳозир шуданд, ки ба сӯи онҳо новобаста аз мақоми расмиашон аз силоҳи автоматикии оташфишон бо мақсади нест кардани ҷисмонӣ оташ кушода шуд. Дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳонаи мазкур Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ва дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аҳолии маҳаллӣ ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.

Ба кардаашон қаноат накарда, бо дастгирии шумораи боз ҳам зиёдтари хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳолии маҳаллӣ бо силоҳи оташфишон дар даст, техникаи ҳарбӣ ва дигар намуди силоҳи оташфишон ба аҳолии маҳаллӣ, объектҳои инфрасохторӣ ва дидбонгоҳҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба халалдор сохтани тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғасби ҳудуд ва хароб кардани моликияти хусусӣ ва давлатӣ равона шуда буд, ҳуҷуми мусаллаҳона карданд.

Дар натиҷаи ҳуҷуми мусаллаҳонаи мазкур якчанд нафар кушта, даҳҳо нафар ярадор ва шумораи зиёди хонаҳои истиқоматӣ, иншооти сарҳадӣ, дигар иншоот ва объектҳои инфрасохтор сўзонида шуд. Ба шаҳрвандон ва давлат зиёни махсусан калони моддӣ расонида шуд.

Истифодаи қувваҳои мусаллаҳ аз ҷониби давлат бар зидди соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ё истиқлоли сиёсии давлати дигар ё бо ягон тартиби дигаре, ки ба Оинномаи СММ ё дигар шартномаҳои байналмилалӣ мухолифат менамояд, ҳамчун ҳаракати таҷовузкорона баҳо дода мешавад.

Аз ҷониби давлат фиристодани даста ё гурӯҳи мусаллаҳ, ки амалҳои истифодаи қувваҳои мусаллаҳро бар зидди давлати дигар иҷро менамоянд ва хусусияти ҷиддӣ доранд, ҳамчун ҳаракати таҷовузкорона баҳо дода мешавад.

Айни замон гурӯҳи тафтишотӣ-фаврӣ созмон дода шуда, тафтиш давом дорад.

Май 3, 2021 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон шумораи ҷиноятҳои умумӣ бештар ба қайд гирифта шудааст
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид
ТАҲДИДҲОИ МУОСИРИ КИБЕРӢ ВА РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ БА ОНҲО. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ татбиқи дурусти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ шуд
Прокурори шаҳри Ҳисор: «Сулҳ масъулият аст ва ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша водор месозад»
Дар беш аз 150 аттраксиони боғҳои фарҳангӣ–фароғатии Тоҷикистон камбудиҳои техникӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қариб 23 ҳазор дона тухми паранда ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд