Путин дар бораи таҳияи созишнома оид ба ташкили системаи муштараки мудофиаи зиддиҳавоӣ бо Тоҷикистон амр содир кард

Май 18, 2021 11:21

ДУШАНБЕ, 18.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Россия Владимир Путин дар бораи таҳия ва имзои созишнома бо Тоҷикистон оид ба ташкили системаи муштараки минтақавии мудофиаи зиддиҳавоии ду кишвар амр содир кард. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, ин санад рӯзи душанбе дар махзани расмии интернетии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шуд.

«Пешниҳоди ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи имзои созишнома байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкили системаи муштараки минтақавии мудофиаи зиддиҳавоӣ қабул гардид», — омадааст дар санад.

Гуфта мешавад, ки масъулияти музокирот ва имзои созишнома бо иштироки Вазорати корҳои хориҷии Россия ба зиммаи Вазорати мудофиаи ФР вогузор шудааст.

«Ба Вазорати мудофиаи Россия супориш дода шавад, ки бо ҷониби Тоҷикистон бо иштироки Вазорати корҳои хориҷии Россия гуфтушунидҳо анҷом диҳад ва баъди ба даст омадани созиш, созишномаи зикршударо аз номи Федератсияи Россия имзо карда, ислоҳотеро, ки аз ҷониби ҳукумати ФР тасдиқ шудаанд, ба лоиҳаи он ворид намояд», — гуфта мешавад дар амр.

27 апрел вазири мудофиаи Россия Сергей Шойгу зимни музокирот бо ҳамтои тоҷикаш Шералӣ Мирзо дар Душанбе гуфт, ки бо мақсади баланд бардоштани эътимоднокии ҳифзи сарҳади давлатӣ дар фазо лоиҳаи созишнома дар бораи таъсиси системаи муштараки минтақавии мудофиаи зиддиҳавоии ду кишвар омода карда шуд.

АКС аз РИА Новости/Сергей Илин

Май 18, 2021 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид