Рӯзи иди саиди Фитр дар Тоҷикистон муайян гардид
ДУШАНБЕ, 06.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи иди саиди Фитр дар Тоҷикистон панҷшанбе, 13 май муайян гардид. Дар ин бора имрӯз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон қарори дахлдор қабул намуд.
Тавре аз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи қарори мазкур имомхатибон вазифадор карда шудаанд, ки барои расонидани кумаки моддӣ ба мӯҳтоҷону ниёзмандон, инчунин пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаву сариштакорӣ мардумро ҷалб намуда, худашон намунаи ибрати дигарон бошанд.
Ҳамчунин дар қарор омадааст, ки шахсоне, ки молашон ба ҳисоб расидааст, метавонанд закоти худро дар баробари фақирону ниёзмандон ба хонаводаи шаҳидоне, ки дар роҳи муҳофизати марзу буми Ватан қурбон шудаанду оилаҳои онҳо бесаробон мондаанд, бидиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки иди Фитр яке аз ду иди бузурги мусалмонони ҷаҳон мебошад, ки он ҳамасола дар рӯзи аввали моҳи шаввол таҷлил мегардад.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи Иди Рамазон, 13 май рӯзи истироҳат эълон карда шудааст.








Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид






