Раҷаббой Аҳмадзода ва Такаюкӣ Мияшита дурнамои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд

Май 27, 2021 09:02

ДУШАНБЕ, 27.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Захираву имконият барои тақвияти ҳамкорӣ фаровон буда, бо дастгирии сафорат якчанд лоиҳаҳо амалӣ гардида истодаанд. Ин нуктаро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Тоҷикистон Такаюкӣ Мияшита иброз дошт.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо зимни суҳбат аз густариши муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, дурнамои ҳамкориро баррасӣ карданд.

Раиси вилоят гуфт, ки лоиҳаҳои системаи оби нӯшокӣ дар Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент, сохтмони канали обёрӣ дар Ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, дастрас намудани таҷҳизот барои маркази хизматрасонии калонсолон ва маъюбон дар шаҳри Истаравшан, сохтмони маркази барқарорсозӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар шаҳри Хуҷанд татбиқ гардид.

Дипломати японӣ аз истиқболи самимӣ изҳори миннатдорӣ карда, иброз дошт, ки намояндагони сафорат дар маросими баҳрабардории иншооти зикршуда иштирок менамоянд.

Зимни сафар сафир ва ҳамроҳонаш аз мавзеъҳои истироҳативу таърихии шаҳрҳои Панҷакенту Истаравшан ва Хуҷанд боздид карда, бо таърихи куҳан ва фарҳанги мардуми тоҷик шинос мегарданд.

АКС аз Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд

Май 27, 2021 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад