Рақибони паҳлавонони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо — «Kazan Grand Slam 2021» муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 05.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Қазони Россия Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо- «Kazan Grand Slam 2021» оғоз гардид, ки он то 7 май идома меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ варзишгарони шинохтаи тоҷик Шаҳбоз Саидаброров, Абумуслим Қаюмзода (ҳарду дар вазни то 60 кг), Баҳром Сӯфиев, Алиҷон Сафаралиев (ҳарду дар вазни то 66 кг), Сомон Маҳмадбеков (то 73 кг), Акмал Муродов (то 81 кг) ва Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг) намояндагӣ хоҳанд кард. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи муқаррароти Федератсияи ҷаҳонии дзюдо, инчунин дар мусобиқаи «Kazan Grand Slam 2021» иштироки 459 нафар варзишгарон (279 мард ва 180 зан) аз 82 кишвари панҷ қораи ҷаҳон дар назар аст. 4 май дар шаҳри Қазони Россия маросими қуръакашии мусобиқаи «Kazan Grand Slam 2021» баргузор гардид, ки дар натиҷаи он рақибони паҳлавонони тоҷик дар марҳилаи муқаддамотӣ муайян шуданд.
-60КГ | Даври 1 | Абумуслим Қаюмзода vs Роберт Мшвидобадзе (Россия)
-60КГ | Даври 1 | Шаҳбоз Саидабуроров vs Родриго Коста Лопес
-66КГ | Даври 2 | Алиҷон Сафаралиев бо ғолиби ҷуфти Есет Куанов (Қазоқистон) — Артур ТЕ (Қирғизистон)
-66КГ | Даври 2 | Баҳром Суфиев vs Айюб Элидриси (Қатар)
-73КГ | Даври 2 | Сомон Маҳмадбеков vs Ҷалолиддин Бойназаров (Ӯзбекистон)
-81КГ | Даври 1 | Акмал Муродов vs Морад Земури (Қатар)
-90КГ | Даври 1 | Комроншоҳ Устопириён бо ғолиби ҷуфти Сансиро Мурао (Ҷопон) – Кирил Гроссклаус (Швейтсария)
Қуввасанҷиҳо аз 5 то 7 май баргузор мешаванд.
Барномаи баргузории мусобиқа:
Рӯзи якум (5-уми май):
Оғоз: 10:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 19:00
Занон: -48kg, -52kg, -57kg
Мардон: -60, -66kg
Рӯзи дуюм (6 май):
Оғоз: 11:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 19:00
Занон: -63, -70kg;
Мардон: -73, -81kg
Рӯзи сеюм (7 май):
Оғоз: 11:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 19:00
Занон: -78, +78kg
Мардон: -90, -100, +100kg
Хотиррасон мешавем, ки варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ низ хоҳанд шуд. Барои мақоми аввал 1000 имтиёз, барои ҷойи дуюм 700 имтиёз ва барои ҷойҳои сеюм 500 имтиёз дода мешавад.
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо «Kazan Grand Slam 2021» охирин мусобиқаи Grand Slam пеш аз Бозиҳои олимпии Токио-2021 мебошад.
АКС аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






