Раиси ноҳияи Бодканд ва чанд мансабдори дигари Қирғизистон аз вазифаҳои худ сабукдӯш карда шуданд

Май 5, 2021 12:00

ДУШАНБЕ, 05.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раиси ноҳияи Ботканди вилояти Ботканди Қирғизистон, ки дар қисми ҷанубу ғарбии кишвар воқеъ ва дар ҷануб бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, аз мақомаш барканор карда шуд. Тавре ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин бора хадамоти матбуоти Ҳукумати Қирғизистон имрӯз, 5 май хабар дод.

«Акилбек Орозов аз вазифаи ишғолкардааш — сардори маъмурияти давлатӣ — ҳокими ноҳияи Ботканди вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон озод карда шуд. Амри дахлдорро сарвазир Улукбек Марипов имзо кард», — омадааст дар хабар. Сабабҳои аз вазифа сабукдӯш кардани ӯ гуфта нашудаанд.

Ҳамчунин, раиси ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд Баймурат Бекмуратов ва муовини якуми роҳбари маъмурияти давлатӣ — раиси вилояти Қадамҷой Абдиманап Жакбаров вазифаҳои ишғолнамуда озод гардиданд.

Амрҳои дахлдорро сарвазири Қирғизистон Улукбек Марипов имзо кардааст. Ин дар ҳолест, ки сабабҳои сабукдӯш кардани онҳо нишон дода нашудаанд.

Илова бар ин, Эрлан Турдакунович аз вазифаи муовини намояндаи ваколатдори ҳукумати мамлакат дар минтақаи Ботканд озод ва ба ҷойи ӯ Абдикарим Алимбоев таъйин шудааст.

Қаблан намояндаи ваколатдори девони вазирон дар вилояти Ботканд Омурбек Суваналиев низ истеъфои худро бо сабаби «ба кори дигар гузаштан» эълом карда буд.

Тавре хабаргузории давлатии Қирғизистон — «Кабар» 4 май иттилоъ дода буд, Додгоҳи олии кишвар ҳамаи ҳукмҳоро нисбат ба муовини пешини сарвазир ва ҳоло мушовири президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Равшанбек Собиров (ДАР АКС) лағв кард. Бо қарори Суди Олии ҶҚ аз 20 апрели соли 2021 дархости адвокат ба манфиати Равшанбек Собиров оид ба ҳолатҳои нав ошкоршуда мутобиқи хулосаи прокурор қонеъ гардид.

Қарори Суди Олӣ аз 23 майи соли 2013 ва ҳукми Суди шаҳри Бишкек аз 7 марти соли 2013 нисбат ба Равшан Собиров бекор шуданд. Парвандаи ҷиноятӣ барои баррасии нави шикоятӣ ирсол шудааст.

Равшан Собиров 51 сол дошта, соли 1970 дар деҳаи Жани-Ариқи вилояти Ӯш таваллуд шудааст. Вай факултети молшиносиро хатм намуда, инчунин дорои маълумоти олӣ дар риштаи «кори гумрукӣ» мебошад. Ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон ба номи С. Рӯдакиро роҳбарӣ мекунад. Аз соли 2009 — узви Палатаи ҷамъиятӣ, аз соли 2010 — узви Шӯрои машваратӣ оид ба ҳамкорӣ бо ҷомеа буд. Аз ноябри соли 2010 то декабри 2011 — вакили Жогорку Кенеш (парлумони кишвар), 2011-2012 — Вазири рушди иҷтимоии Ҷумҳурии Қирғизистон.

Моҳи июли соли 2012 ӯ бо сабаби боздошт бо гумони ришваситонӣ аз вазифа сабукдӯш карда шуд. 7 марти соли 2013 Додгоҳи шаҳри Бишкек Собировро ба 5 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум намуд. Соли 2014 ӯ мутобиқи қонуни авф озод гардид. 14 октябри соли 2020 муовини сарвазири Қирғизистон ва моҳи феврали соли 2021 мушовири президенти Қирғизистон таъйин шуд.

                                                      АКСҲО аз манбаъҳои боз

Май 5, 2021 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд