Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба оилаҳои бар асари офатҳои табиӣ зарардидаи минтақаи Кӯлоб кумак намуданд
ДУШАНБЕ, 12.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 12 май дар доираи роҳнамоиҳо ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба оилаҳои бар асари офатҳои табии рӯзҳои охир зарардидаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар ҳаҷми 300 тонна масолеҳи сохтмонӣ аз қабили сементу арматура ва тахта, беш аз 170 тонна маҳсулоти хурокворӣ, аз ҷумла орду шакар, гӯшту равған, биринҷ, пиёзу картошка ва 1200 дона ҷиҳози рахти хоб кӯмак фиристоданд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, кумакҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба зардидагони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, ки дар доираи рисолати шаҳрвандӣ, ҳамрайъию ҳамдилӣ бо мардуми зарардида ва инсондӯстию ватанпарастӣ фиристода шуд, нимаи дуюми имрӯз ба шаҳри Кӯлоб ворид гардид ва ба зарардидагон дастрас карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки бар асари селу бориши зиёд 11 май дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон манзилҳои истиқоматӣ, роҳу пулҳо ва дигар иншооти хоҷагии халқ хароб гардида, мутаассифона, талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шудаанд.
Тавре аз таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, «мо танҳо дар ҳамбастагӣ ва иттиҳоди комил, якдигарфаҳмию ҳамдилӣ ва эҳтироми ҳамдигар метавонем ҳама мушкилотро бартараф намоем ва дар якҷоягӣ ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо гардонем».
Мардуми зарардидаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бояд дилпур бошанд, ки дар ин рӯзҳои вазнин зери таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ин рӯзҳо ҳеҷ гоҳ онҳоро танҳо намегузоранд.
Аксҳо аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлили дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон










«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд






