Раиси вилояти Хатлон дастур дод, ки нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар бозорҳо танзим шавад
ДУШАНБЕ, 01.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба танзим даровардани нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар бозорҳои вилоят, баргузории иди Рамазон, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022, пешгирӣ аз навъи бемории ковид, ки имрӯз ҷаҳон бо он дар мубориза аст, истифодаи самараноки замин ва гирифтани ду-се ҳосил аз он, густариши корҳои бунёду созандагӣ бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳо 30 апрел дар ҷаласаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, муовини раиси вилоят, сардорони раёсатҳо ва дигар масъулин иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки соли равон дар вилоят маҳсулоти ғалладонагӣ, аз қабили лӯбиё, нахӯд ва дигар зироат бояд бештар кишт карда шаванд. Ба ҷамъоварии картошка, ки дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷараён дорад, вусъат бахшида, барои кишти такрорӣ корҳои омодагӣ дида шаванд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зикр намуд, ки имсол дар мамлакат 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таҷлил карда мешавад. Аз ин рӯ тамоми ташкилоту муассисаҳои вилоят бояд ин санаи хотирмонро дар рӯҳияи созандагиву бунёдкорӣ таҷлил намоянд.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки вилояти Хатлон яке аз содиркунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар мамлакат мебошад. Аз ин рӯ соли равон маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла мевагиҳо бояд беталаф ҷамъоварӣ, коркард ва содирот карда шаванд.
Раиси вилоят ба масъулин супориш дод, ки ҳарчи зудтар нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар бозорҳо ба танзим дароварда шавад.








Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад






