Рустами Шоҳмурод дар кори ҷаласаи сайёри ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳои дифоъ ва амнияти парлумонҳои кишварҳои узви СААД иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 26.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. 25 май раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод дар кори ҷаласаи сайёри ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳои дифоъ ва амнияти парлумонҳои кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар рӯзномаи ҷаласаи мазкур, ки таҳти раёсати раиси кумитаи Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия оид ба мудофиа Владимир Шаманов баргузор гардид, вазъи ҳарбӣ-сиёсӣ дар минтақаи Аврупои Шарқӣ баррасӣ шуд. Ҳозирин дар оғоз ҳисоботи муовини дабири кулли СААД Валерий Семериковро шуниданд.
Мавсуф ба вазъи умумии ҳарбӣ-сиёсӣ дар минтақаи масъулияти СААД ва атрофи он баҳо дода, дар бораи муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти дастаҷамъӣ, ҳолат ва дурнамои ҳамкории низомӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар марҳилаи ҳозира ибрози андеша намуд.
Муовини дабири кулли СААД ба вазъияти минтақаи амнияти дастаҷамъии Осиёи Марказӣ диққати махсус равона кард. «Мавқеи геостратегии Осиёи Марказӣ бо захираҳои карбогидридҳо, маъданҳои фоиданок ва коммуникатсияи нақлиётӣ онро ба минтақаи рақобати қутбҳои ҷаҳонии қудрат барои таъмини нуфузи худ табдил медиҳад. Ва мавҷудияти чунин мушкилот, ба монанди норасоии захираҳои об, марзҳои номуайян, чолишҳо ва таҳдидҳое, ки аз минтақаҳои низоъ дар Афғонистон ва Шарқи Наздик сар мезананд, осебпазирии давлатҳои Осиёи Марказиро аз таъсири манфии беруна шадидтар мекунад», — гуфт муовини дабири кулли СААД Валерий Семериков.
Ба гуфтаи вай, СААД бо назардошти вазъ дар ин минтақа ба муқобили таҳдидҳое, ки аз қаламрави Афғонистон сар мезананд, якчанд тадбирҳоро амалӣ менамояд, ки ба паст кардани шиддат дар минтақаи марзии Тоҷикистон ва Афғонистон равона шудаанд. “Аз ҷумла, мо дар таҳияи барномаи байнидавлатии “Ҳадаф барои таҳкими қитъаи сарҳади давлатӣ” ба пешрафти ҷиддӣ ноил шудем”, -гуфт Валерий Семериков.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод дар бораи пешрафти татбиқи афзалияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи раёсати Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар соли 2021 сухан гуфт .
Сардори ситоди муштараки СААД, генерал-полковник Анатолий Сидоров дар бораи машқҳои муштарак бо қӯшунҳои СААД (Қувваҳои дастаҷамъӣ) дар соли 2021 маърӯза намуд.
АКС аз бойгонӣ








Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо устодону донишҷӯён доир гардид
Ба омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон расонида шуд
Ба сокинони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ба сокинони Рашт нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистонро шарҳ дод
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон доир шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир шуд
Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон оғоз гардид
Ба «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» тағйиру илова ворид карда шуд
АСОСҲОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин маврид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд






