Саймумин Ятимов: «Фоҷиае, ки дар минтақаҳои наздисарҳадии Қирғизистон ва Тоҷикистон рух дод, набояд ҳеҷ гоҳ такрор шавад»

Май 1, 2021 18:00

ДУШАНБЕ, 01.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Бодканд (Қирғизистон) музокироти ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд. Ҳайати Тоҷикистонро Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов ва ҷониби Қирғизистонро роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Камчибек Ташиев роҳбарӣ карданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба 24.kg.

Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва амалҳои минбаъдаро барои ҳалли низоъ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ карданд.

«Фоҷиае, ки дар минтақаҳои наздисарҳадии Қирғизистон ва Тоҷикистон рух дод, набояд ҳеҷ гоҳ такрор шавад», — гуфт  Раиси КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов дар мулоқот бо ҳамтои қирғизаш Камчибек Ташиев.

Ба гуфтаи ӯ, мардуми ин ду давлат дар ин минтақаҳо муддати тӯлонии таърихист, ки зиндагӣ мекунанд.

«Мардум дӯстанд, онҳо ба ҳамдигар даъвое надоранд. Мо бояд ба мардумонамон имкон диҳем, ки дар фазои сулҳу дӯстӣ зиндагӣ кунанд. Имрӯз, дар мулоқоти намояндагони ду давлат, мо дар бораи ҳалли масъалаҳои таъмини сулҳ дар сарзамини қирғизҳову тоҷикон ба тавофуқи усулӣ расидем. Боварӣ дорам, ки мо ин корро карда метавонем ва дар муддати кӯтоҳ ҳамаро ҳал хоҳем кард», — гуфт ӯ.

Раиси КДАМ Ҷумҳурии Қирғизистон Камчибек Ташиев зикр кард, ки имрӯз ҳайатҳо оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ба манфиати ду кишвар протокол иборат аз чор бандро қабул карданд.

«Имрӯзҳо мардуми Қирғизистон ва Тоҷикистон рӯзҳои душворро аз сар мегузаронанд, фоҷиа рух дод. Дар ин ҳангом барои мо доир намудани мулоқот душвор буд, аммо бо вуҷуди ин, бо дастури сарони давлатҳо мо ин музокиротро баргузор кардем ва тасмим гирифтем, ки тирандозиро комилан қатъ кунем ва нерӯҳоямонро аз марз бозпас гардонем. Худо хоҳад, дар кишварҳои мо оромии комил ва сулҳ ҳукмфармо хоҳад буд», — иброз дошт Камчибек Ташиев.

Ёдовар мешавем, ки созиш дар бораи баргузории ин музокирот зимни суҳбати  телефонии сарони ду давлат ҳосил шуда буд.

Акс аз рӯи навор

Май 1, 2021 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд