Шарҳи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: Селҳои азим сабаби харобиҳо ва талафоти ҷонӣ шуданд

Май 12, 2021 11:02

ДУШАНБЕ, 12.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бино ба маълумоти субҳи 12 майи соли 2021, дар натиҷаи боронҳои пуршиддат дар қаламрави якчанд  ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ омадани сел ба қайд гирифта шуд, ки мутаассифона, талафоти ҷонӣ доштанд.  Бар асари ин офати табиӣ хонаҳои истиқоматии сокинон, қитъаҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои кишт зарар диданд, иншооти ёрирасон хароб шуданд, ҳамчунин роҳҳои мошингард низ шуста шуданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин ҳодисаи табиӣ шарҳи муфассалро ба АМИТ «Ховар» пешниҳод кардааст, ки дар зер манзур мегардад.

11 майи соли 2021 дар натиҷаи боронҳои шадид лойю лойоба роҳро дар минтақаи Лаби Ҷари ноҳияи Сангвор баст ва бо ёрии техникаи махсус роҳ тоза карда шуда, ҳаракати мошинҳо барқарор гардид.

Ҳамчунин дар деҳаи Нигова ва Ниёзбегиёни ҷамоати Қалъаи Сурхи ноҳияи Рашт лойоба 14 қитъаи наздиҳавлигии сокинонро зери об кард ва ба ду иншооти ёриррасон қисман зарар расонд. Дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулода фаъолият дорад.

Дар деҳаи Дараи Фони ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб бар асари сели азим туғёни об ду чорвои калон ва як мошини тамғаи «Foton»-ро зери об кард. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Инчунин дар километри 408 – уми роҳи мошингарди Дарвоз – Хоруғ, дар наздикии деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвози ВМКБ сел сабаби баста шудани ин қитъаи роҳ шуд. Дар айни замон роҳ аз ҳар гуна лойобаву сангу хок пок шудаву ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шудааст. Дар ин ноҳияҳо низ сели азим талафоти ҷонӣ надошт.

Ҳамзамон 11 майи соли 2021 дар натиҷаи боронҳои пуршиддат аз километри 218 то 238 роҳи мошингарди Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ сел омад.

Мутаассифона, дар деҳаи Чагами ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон се сокини ин русто, ки яке 39-сола, дуюмӣ 29-сола ва сеюмӣ ҳамагӣ 10 сол дошт, ба ҳалокат расиданд. Ин се нафар ҳангоми омадани сел дар дохили мошин буданд. Ва як мусофири мошин-сокини 45-солаи ҳамин деҳа бо ҷароҳатҳои вазнин зинда монд.

Дар натиҷаи офати табиӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Даштиҷум, деҳаи Порвори Ҷамоати деҳоти Нуриддин Маҳмадови ноҳияи Шоҳини вилояти Хатлон, таҳхонаҳои 26 бинои истиқоматӣ ва иншооти ёрирасон, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва роҳҳои байни деҳот зери об монданд.

Дар шаҳри Кӯлоб дар натиҷаи офати табиӣ биноҳои истиқоматӣ, ки дар кӯчаҳои Завод, Садиков, қитъаҳои 3, 4, 5 ва маҳаллаи Файзободи боло, Первомай, Раҳимзода ва Пашадара ҷойгиранд, зери об монданд. Ғайр аз ин, боғҳо зарар диданд.

Ҳангоми сел дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон 3 нафар ҷон бохтанд, ки ду нафари онҳо дар мошин буданд ва як нафар дар сел фавтид.

Дар ҳудуди деҳаи Эргаши Ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён омадани сел ба қайд гирифта шуд.  Дар натиҷа 10 метр шоҳроҳи шаҳри Бохтар ва ноҳияи Данғара канда шуда, 1 адад автомашинаи боркаши тамғаи “Дулан”, ки ба шаҳрванди 34-солаи ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа, деҳаи Эргаш таалуқ дошт, дар маҷрои селроҳа дар монда, чаппа мешавад ва ронанда дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ҷасади номбурда 25 км поёнтар аз ҷои ҳодиса дар деҳаи Сенакоси Ҷамоати деҳоти Машъали ноҳияи Вахш пайдо ва ба хешовандонаш супурда шуд. 4 мусофири як мошини танғаи «Некси», ки дар миёни сел монда буд, наҷот дода шуданд.

Дар қаламрави ҷамоати Сангтӯдаи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон як пуле, ки роҳи Данғара-Левакантро ба ҳам мепайваст, қисман хароб гардид.

Дар ҳудуди деҳаҳои  Даштобод, Обимики Ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Ёвон лойоба таҳхонаи хонаҳои истиқоматӣ, қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои киштро пӯшонид.

Дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Хуросон, Вахш ва Муъминободи вилояти Хатлон сел ба хонаҳои истиқоматии сокинон, қитъаҳои наздиҳавлигӣ, пулҳо ва роҳҳои байниминтақавӣ зарар расонд.

Бо вуҷуди ҳушдорҳои батакрори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар бораи даст кашидан аз чаронидани чорво дар чунин рӯзҳо, ҳангоми човочаронӣ як сокини 26-солаи деҳаи Халқадашти Ҷамоати деҳоти ба номи М.Турсунзодаи шаҳри Ҳисор зери лойоба монда, дар ҷойи ҳодиса ҷон бохт.

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ таъсис дода шуд, ки ба он Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода роҳбарӣ мекунад. Ба ҳайати комиссия Вазири корҳои дохилӣ, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, вазири нақлиёт, раиси вилояти Хатлон шомиланд. Аъзои ин комиссия дар айни ҳол ба минтақаҳои офатзадаи шаҳрҳои Кӯлоб, ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Муъминободи вилояти Хатлон рафтаанд.

Дар айни замон ин Комиссия аз манотиқи офат дидан ва ҳаҷми зарари расидаро муайян месозад. Ҳамзамон бо ин корҳои баратарафсозии пайомадҳои оқибатҳои офати табиӣ роҳандозӣ шуда, об аз таҳхонаҳо кашида мешавад, роҳҳо тоза карда мешаванд, қитъаҳои наздиҳавлигӣ аз лойобаҳо пок карда мешаванд.

Дар нимаи аввали 12 мйи соли 2021 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ҷаласаи кории ин Комиссия дар назар аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хотиррасон мекунад, ки то 14 майи соли равон ҳавои номусоид боқӣ мемонад, хавфи лағзиши тарма дар минтақаҳои кӯҳӣ, омадани сел, резиши сангу рег, боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо ва обанборҳо вуҷуд дорад.

Дар ҳамин иртибот Кумита бори дигар аз сокинон хоҳиш мекунад, ки дар чунин рӯзҳои пурбориш ва пурхавф аз роҳандозии ҳар гуна корҳои саҳро, рафтан ба кӯҳу доманакӯҳҳо,  чаронидани чорво ва ғайра худдорӣ намоянд. Муваққатан ба хотири ҳифзи амнияти худ аз сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.

АКСҲО: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ

Май 12, 2021 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст
Дар Душанбе масъалаи татбиқи марҳилаи дуюми низоми «Шаҳри бехатар» баррасӣ шуд
Дар Суғд нахустин гурӯҳи даъватшавандагонро ба таври тантанавӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд
Ҷавонписарони сарбаланди шаҳри Роғун хизмат дар сафи Артиши миллиро барои худ шараф медонанд
Модарони ноҳияи Варзоб фарзандонашонро бо дуои нек ба хизмати Ватан-Модар гусел намуданд