«Шоҳдухтар» Манижа бори дигар тамошобинони хориҷии «Евровидение-2021»-ро тасхир намуд

Май 18, 2021 08:12

ДУШАНБЕ, 18.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта дар канали YouTube ва «Евровидение» видеои тамрини сарояндаи зодаи тоҷик Манижа Сангин, ки Россияро бо суруди «Russian Woman» муаррифӣ хоҳад кард, нашр шуд. Видео боиси шарҳҳои зиёд шуд ва ҷолибтарини онҳоро хабаргузории «Sputnik»-и Россия ҷамъ овардааст.

«Евровидение» бояд ҳамин тавр бошад. Ин як суруди асил, пешгӯинашаванда аст ва  дар он фарҳанги русӣ хеле зиёд аст (ҳам дар мусиқӣ ва ҳам дар матнҳо), ки бо садоҳо ва мавзӯъҳои муосир тавъам мебошанд. Матни суруд — ин санъат аст ва агар касе забони русиро намедонад, тарҷума танҳо барои дарки мазмуни он кумак карда метавонад», — навиштааст Слободан Думнич дар зери видео.

Як корбари дигар дар шарҳаш зикр кардааст, ки ин суруд на танҳо дар бораи занони рус, балки дар бораи занони тамоми ҷаҳон аст.

«Манижа — муътабартарин ва эҷодкортарин иштирокчии ин сол аст!!! Ман боварӣ дорам, ки Россия дар даври ниҳоӣ ҷойгоҳи баланд хоҳад гирифт, зеро бо чунин намояндае ба мисли Манижа, натиҷаи даври ниҳоӣ пешакӣ маълум аст», — қайд кардааст Mika Nore.

Ғайр аз ин, бисёр корбарони YouTube аз кишварҳои славянӣ зикр кардаанд, ки суруди «Russian Woman» тавонист намояндагони кишварҳои мухталифро муттаҳид кунад.

«Ин хеле ҳамосист! Шояд ин садои ман дар даври ниҳоӣ бошад! Бо муҳаббати беандоза аз Юнон, — «навиштааст Константинос Палумбис.

Баъзе мухлисони озмун овозхони русро «шахси мармузи «Евровидение» номидаанд.

«Ваҳ, ин паём хеле қудратманд, тавоно, суннатӣ ва ҳамзамон муосир аст. Вай фавқулода ва ҳама чиз мабҳуткунанда аст: хореография, рӯшноӣ, саҳна. Ин ба ман хеле писанд аст», — иброз доштааст Элиза Пуглиз.

Ва баъзе корбарони дигар зикр мекунанд, ки гарчанде ки ин сурудро онҳо чандон дӯст намедоранд, аммо бо шунидани он мӯи бадан рост мешавад.

«Ҳатто кӯшиш накунед, ки ба ӯ баҳои кам бидиҳед, вай хунбаҳо мегирад», — ҳамин тавр Дейв Миллер эҳтимоли пирӯзии Манижаро арзёбӣ кардааст.

Корбаре аз Булғористон навиштааст, ки суруди Манижа касро водор мекунад, ки ҳамзамон бирақсад ва девонавор гиря кунад.

«Ҳама Манижаро озор медоданд, вале ӯ сазовори ҷои аввал мешавад, он гоҳ бубинем ВАО чӣ хоҳанд навишт», — навиштааст Евгения Светкова.

Ва хонуми хориҷӣ Алла Розенберг Манижаро «маликаи бениҳоят муосир» номидааст.

«Ҳатто бидуни ин оташафрӯзиҳо аз пушти Манижа, ӯ бо неруи пурҷунуни худ ин саҳнаро сӯхта хокистар мекунад», — илова кардааст яке аз шореҳон.

Қариб ҳамаи корбарони хориҷии шабака, ҳатто маънои матнро нафаҳмида, неруи фавқулодаи сурудро зикр мекунанд.

«Ин аллакай аз суруд дида бузургтар аст, ин кадом як навъи санъат аст! Дар он чӣ қадар паём аст, чӣ қадар пурмазмун аст ва чӣ қадар фарҳанги зиёди русӣ дорад!» — бо ваҷд менависанд шореҳон.

Бисёре аз корбарони YouTube менависанд, ки онҳо наметавонанд аз тамошои видео даст кашанд. Ва баъзеҳо шӯхӣ мекунанд, ки пироҳан низ бояд дар суруд фаъолона иштирок кунад.

Манижа дар «Евровидение — 2021»

Зодаи Душанбе Манижа Сангин дар интихоби миллӣ дар Россия дар мавҷи канали якум 8 март ғолиб омада буд.

Акнун маҳз вай бо суруди «Russian Woman» («Зани рус») дар Ahoy Arena дар Роттердами Нидерланд ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Озмуни сурудҳо- «Евровидение-2021» 18-22 май баргузор мешавад. Манижа дар даври нимниҳоии аввал бо рақами 3 баромад мекунад.

Суруд маҳбуби тамошобинони ғарбии «Евровидение» шудааст, аммо мавҷи интиқодҳои сиёсатмадорон, ходимони ҷамъиятӣ ва коршиносони мусиқишиносиро низ ба бор овард.

Худи Манижа оташи нафрати ба сараш сарозершударо як озмоиш меномад, ки барои нерумандтар шуданаш кумак кардааст.

АКС: © AFP 2021 / KENZO TRIBOUILLARD

Май 18, 2021 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон