Шоҳҷоизаи Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ дар мавзеи Чилчанори Ховалинг насиби кӣ гардид?

Май 17, 2021 13:11

ДУШАНБЕ, 17.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 700 нафар варзишгарони наврас, ҷавон, собиқадорон ва инчунин бонувон аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, назири Россия ва Ӯзбекистон дар Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ, ки 16 май дар мавзеи зебоманзар ва хушобуҳавои Чилчанори  ноҳияи Ховалинг доир гардид, иштирок ва қувваозмоӣ намуданд. Ин мусобиқаи варзишии сатҳи баланд бо ташаббус ва дастгирии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи миллии «Гӯштингирӣ»-и Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар», ки дар ин мусобиқаи варзишии ҷумҳуриявӣ иштирок дошт, иттилоъ медиҳад, ки ҷараёни баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллиро беш аз  50 ҳазор нафар мухлисону ҳаводорон ва дӯстдорони гӯштини миллӣ тамошо намуданд. Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ ба 30-юмин солгарди ҷашни  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки 23 май таҷлил мешавад, бахшида шуда, ҳадафаш эҳё ва рушди варзиши суннатии халқи тоҷик, бахусус гӯштини миллӣ мебошад, ки таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад. Ба беҳтарин паҳлавонон, ки дар майдон қувва озмуданд, дар  маросими ботантана маблағҳои пулӣ, туҳфаҳои арзишнок, аз ҷумла, қолин, мошинаи ҷомашӯӣ, телевизор, гӯсфанд, гов, шутур, асп ва шоҳҷоизаи мусобиқа –мошини сабукрави тамғаи хориҷӣ тақдим гардид.

Барои мукофоти якум- Шоҳҷоиза паҳлавони номдори Ҷумҳурии Тоҷикистон Темур Раҳимов бо паҳлавони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Муҳсин Ҳисомиддинов қувваозмоӣ намуд. Варзишгари тоҷик Темур Раҳимов ғолиб омада, сазовори  шоҳҷоизаи аввали мусобиқа-мошини  тамғаи хориҷӣ гардид. Барои дарёфти мукофоти олии дуюм-Шоҳҷоиза паҳлавонони Федератсияи Россия  ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон Валерий Ендовитский ва Зоид Ҳусейнов қувва озмуданд, ки дар натиҷа  паҳлавони ӯзбекистонӣ Зоид Ҳусейнов ба гирифтани Шоҳҷоизаи дуюми мусобиқаи кушоди гӯштини миллӣ-мошини тамғаи хориҷӣ мушарраф гардид.

Баъд  аз натиҷагирии се даври мусобиқа паҳлавони тоҷик Хуршед Маҷидов ва варзишгари ӯзбекистонӣ Зоид Ҳусейнов ҳаққи ба даст овардани Шоҳҷоизаи сеюмро пайдо карданд. Аммо  бинобар  сабаби даст кашидани паҳлавони ӯзбекистонӣ аз қувваозмоӣ Шоҳҷоизаи сеюми мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ –мошини сабукрави тамғаи хориҷӣ ба гӯштингири Маъруфи тоҷик Хуршед Маҷидов сазовор дониста шуд.

Тавре дар суҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини аввали директори Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш» Алӣ Шарифов, ки шореҳи марказии Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ дар мавзеи Чилчанори ноҳияи Ховалинг буд, иброз дошт, ки баргузории чунин мусобиқаҳои варзишии сатҳи баланд на танҳо ба эҳё ва рушду такомули варзиши суннатӣ, хусусан гӯштини миллӣ, балки ба таҳкими дӯстиву рафоқат, бародарӣ ва ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон мусоидат менамояд, зеро дар як майдони бузург  ҳамдигарро ба оғӯш гирифтан ва қувваозмоӣ намудани паҳлавонон рамзи дӯстиву бародарӣ ва  далериву мардонагӣ буда, атрофи як хон ҷамъ гардидану таом хӯрдани намояндагони тамоми минтақаҳои Тоҷикистон-ин рамзи ваҳдат ва сарҷамъии сокинони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон мебошад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

                                                     Душанбе-Ховалинг-Душанбе

 АКСҲО: АМИТ «Ховар» ва ВКД

Май 17, 2021 13:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд