Сокини шаҳри Душанбе бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор боздошт шуд

Май 27, 2021 09:29

ДУШАНБЕ, 27.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ–ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар дар назди Фурудгоҳи байналмилалии  Суғд шаҳрванд Маҳмудов Масрур Раҳматович, соли тавалудаш 1982, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Қаҳҳоров, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, оиладор, соҳиби 4 фарзанд, муваққатан бекор, бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор боздошт гардид. Дар ин бора аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ҳангоми кофтукови шахсӣ муайян карда шуд, ки дар дохили ҷомадони бо худ доштаи Масрур Маҳмудов махфигоҳи махсусе ба таври устокорона сохта шуда, дар дохили он як адад бастаи селофании скочпечи дорои бӯи махсус ҷойгир карда шудааст. Ҳамчунин аз кисаи рости шими дар тани Маҳмудов М. буда як адад бастачаи селофании дорои маводи кулӯхчамонанди зардчатоб бо бӯи махсус дарёфт гардид.

Муайян карда шуд, ки маводи аз Масрур Маҳмудов мусодирашуда  воситаи нашъадори навъи героин буда, вазни умумии он 3 кг 860 граммро ташкил менамояд. Зимни пурсиш Масрур Маҳмудов иқрор кард, ки мехост маводи нашъадорро бо мақсади фурӯш тавассути хатсайри ҳавоии Душанбе- Хуҷанд- Москва интиқол диҳад.

Оид ба ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Маҳмудов Масрур Раҳматович бо моддаи 200 қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.

АКС аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ

Май 27, 2021 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд