Сунатулло Лоиқов дар Ҷоми Осиё миёни ҷавонон сазовори медали нуқра шуд

Май 17, 2021 13:51

ДУШАНБЕ, 17.05.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Варзишгари ҷавони тоҷик Сунатулло Лоиқов дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни  наврасон ва ҷавонон, ки  14-16 май дар шаҳри Алматои Қазоқистон баргузор шуд,  сазовори медали нуқра гардид.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд,  дар мусобиқаи мазкур  беш аз 400 нафар варзишгар аз 4 кишвари Осиё ширкат карданд. Тоҷикистонро дар  ин мусобиқа 11 варзишгар — 6 нафар миёни ҷавонон ва 5 нафар миёни наврасон намояндагӣ намуданд.

Сунатулло Лоиқов дар вазни 81кг миёни ҷавонон рақобатро дар даври аввал ба муқобили варзишгари мизбон Бекзат Таугалиев оғоз карда, пирӯз шуд. Ӯ дар даври чорякниҳоӣ варзишгари дигари мизбон Батирхан Сакенов ва дар нимфинал намояндаи Қирғизистон Абдулло Ҷалолиддиновро мағлуб намуд. Вале дар мубориза барои медали тиллои мусобиқа аз чемпиони ҷаҳон миёни ҷавонон дар соли 2019- варзишгари ботаҷрибаи мизбон Аян Байгази шикаст хӯрда, барандаи медали нуқра гардид.

                                         АКС: аз Кумитаи миллии олимпӣ

Май 17, 2021 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад