ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 май, якшанбе, 150-умин рӯзи соли 2021 аст

Май 30, 2021 08:00

30 майи соли 2012 «Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020» қабул гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат»-ро ба имзо расониданд.

 30 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико — Рӯзи ёдбуд.

 РӮЙДОДҲО:

30 майи соли 2007 Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд .

***

30 майи соли 2010 Иттифоқи тоҷикистониёни Россия дар меҳмонхонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи кӯдак, ки 1 июн дар саросари ҷаҳон таҷлил карда мешавад, ҷамъомад баргузор намуд.

***

9 сол пеш, 30 майи соли 2012  дар шаҳри Ашқободи Туркманистон ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо ва сарвазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 муовини Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид, иҷрокунандаи вазифаи директори Дафтари СММ оид ба маводи  мухаддир ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад. Яке аз мақсадҳои сафари Ю. Федотов ба Тоҷикистон- иштирок дар кори мулоқоти серӯзаи роҳбарони идораҳои зидди маводи мухаддири Тоҷикистон, Қирғизистон ва Афғонистон буд.

***

7 сол пеш, 30 майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе чаласаи 13-уми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузории Тоҷикистон баргузор гардид.

***

30 майи соли 2011 ширкати Ford Motor дигаргунии навбатии худро дар самти бехатаргардонии ҳаракат дар роҳ эълон намуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1631 дар Франсия аввалин рӯзнома бо номи «La Gazette»  («Маҷалла») ба табъ расид.

***

Соли 1896 дар Ню-Йорк аввалин садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд.

Май 30, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш