Таэквондочиёни шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи интихобии олимпии Осиё иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 24.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони шинохтаи тоҷик оид ба таэквондо дар мусобиқаи интихобии олимпии Осиё натавонистанд роҳхати Бозиҳои олимпии Токиоро ба даст оранд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Мусобиқаи мазкур 21-22 май дар шаҳри Аммони Урдун бо иштироки 84 варзишгар аз 28 давлати қораи Осиё баргузор шуд. Дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 нафар варзишгар – Муниса Ойматова (-49кг), Моҳру Ҳалимова (+67кг) миёни бонувон, Муҳаммадҷон Суннатов (-68кг), Хуррам Меҳтаршоев (-80кг) миёни мардон ба Урдун иштирок карданд.
Муниса Ойматова дар даври аввал аз намояндаи Покистон Оиша Афсар шикаст хӯрд. Муҳаммадҷон Суннатов дар даври аввал варзишгари Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ Мустафо Қарниро мағлуб кард, вале дар чорякфинал аз намояндаи Қазоқистон Кайрат Саримсоқов шикаст хӯрд. Хуррам Меҳтаршоев дар чорякфинал бар намояндаи Қатар Алӣ Алараимӣ пирӯз гардид, вале дар нимфинал аз варзишгари Тайпей Вей-Тинг Лиу ва дар рақобат барои ҷои сеюм аз варзишгари Қирғизистон Акбар Айтахунов мағлуб шуд.
Моҳру Ҳалимова дар нимфинал аз намояндаи Қазоқистон Кансел Дениз ва дар рақобат барои ҷои сеюм аз намояндаи Филиппин Кирстӣ Алора шикаст хӯрд.
Хотиррасон мешавем, ки аз 16 квотаи пешбинишуда дар мусобиқаи интихобии Осиё Тайпей 4, Ӯзбекистон 3, Урдун ва Қазоқистон 2, Ветнам, Эрон, Тайланд, Филиппин ва Чин якроҳхатӣ ба даст оварданд.
Мусобиқаҳои интихобии олимпӣ аз рӯи намуди таэквондо ба анҷом расиданд. Намояндагони 57 давлат тавонистанд роҳхати Бозиҳои олимпии Токиоро ба даст оранд. Мусобиқаи таэквондо дар Бозиҳои олимпии Токио-2021 аз рӯи 8 категорияи вазнӣ (4 вазн миёни мардон, 4 вазн миёни бонувон) бо иштироки 128 варзишгар (дар ҳар вазн 16 нафар) баргузор мешавад.
АКС аз КМО Тоҷикистон








Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд






