ТИРПАРОНӢ ДАР МАКТАБИ ҚАЗОН: 9 нафар ҳалок ва 21 каси дигар маҷрӯҳ шуданд
ДУШАНБЕ, 11.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи 11 май дар мактаби №175 дар кӯчаи Ҷаудат Файзӣ дар пойтахти Тотористон — Қазон Илназ Галявиеви 19-сола тирпарронӣ кард. Дар натиҷаи ин ҳамла 9 нафар- ҳафт кӯдак ва ду калонсол ҳалок шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба нашрияҳои расмии Россия.
Тибқи гузориши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамаи ҷасадҳо шиносоӣ шудаанд. Вазорати маориф хабар дод, ки ҳашт нафар аз маҷрӯҳон дар ҳолати вазнин қарор доранд.
Тирандозӣ дар муассисаи таълимӣ соати 9:20 рух дод. Пас аз 25 дақиқа аз оғози он, аз дастгоҳи ҳушдоркунандаи гимназия бонги хатар садо дод. Он лаҳза дар бино 714 кӯдак ва тақрибан 70 корманд, аз ҷумла 52 омӯзгор қарор доштанд. Дар муддати 20 дақиқа одамон аз муассисаи таълимӣ бароварда шуданд.
Дар ибтидо гузориш дода шуд, ки ду нафар тирандозиро оғоз кардаанд ва ҳамлагари дуввум маҳв карда шуд. Аммо баъдан мақомот муайян карданд, ки марди мусаллаҳ танҳо амал кардааст. Пеш аз ҳамлаи Галявиев дар мактаб таркиш ба амал омад ва пас аз он тирпаронӣ оғоз ёфт. Дар натиҷаи ин ҳодисаҳо якчанд кӯдак худро аз тиреза ба берун партофтаанд.
Илназ Галявиев то чанде пеш дар курси 4-уми Муассисаи таҳсилоти касбии коллеҷи «ТИСБИ» таҳсил мекард, аммо бинобар доштани қарзи академӣ моҳи апрели соли 2021 хориҷ гардидааст.
Директори генералии ЮНЕСКО Одре Азуле ҳамла ба мактаб дар Қазонро маҳкум карда, ба оилаҳои қурбониён изҳори тасаллӣ намуд. Ба оилаҳои қурбониён инчунин котиби матбуоти сафорати ИМА дар Москва Ребекка Росс изҳори тасаллӣ кард. Роҳбари парлумони Аврупо Дэвид Сассоли ба хонаводаи қурбониёни тирандозӣ дар мактаби шаҳри Қазон изҳори ҳамдардӣ намуд.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш ба хонаводаҳои афроде, ки дар гимназияи №175 дар Қазон дар натиҷаи ҳамлаи ҷинояткори мусаллаҳ фавтидаанд, изҳори тасаллӣ кард.
11 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар робита ба ин фоҷиа дар мактаби Қазон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.
«Хабари фоҷеабори амалкарди бераҳмонаи зӯроварӣ болои талабагон ва кормандони мактаби таҳсилоти умумӣ дар шаҳри Қазон боиси андӯҳ ва нафрати амиқи мо гардид. Таъзия ва тасаллиёти самимии ин ҷонибро [мардуми Тоҷикистонро] ба наздикону пайвандони фавтидагон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам», — омадааст дар барқияи тасаллии Президенти Тоҷикистон.








Масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ гардиданд
Котиби Шурои амнияти мамлакат бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд






