Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи оташбаси пурра ва хуруҷи нерӯҳо ба мувофиқа расиданд
ДУШАНБЕ, 01.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи оташбаси комил ва хуруҷи нерӯҳо ба мувофиқа расиданд. Имрӯз Протоколи дахлдорро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Ташиев пас аз гуфтушунидҳои ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар вилояти Ботканд (Қирғизистон) ба имзо расониданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба AKIpress хабар медиҳад.
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов зикр кард, ки имрӯз комиссияҳои делимиатсия оид ба сарҳад барои ҳалли ҳама баҳсҳои боқимонда ҷамъ омадаанд.
«Имрӯз суҳбати бисёр пурсамар бо ташаббуси сарони ду кишвар баргузор гардид. Фоҷиае, ки дар минтақаҳои наздисарҳадӣ рух дод, набояд ҳеҷ гоҳ такрор шавад. Мардум муддати тӯлонӣ ва давраи таърихӣ зиндагӣ доранд ва байни ҳам даъвое надоранд. Мо, сиёсатмадорон, бояд масъалаҳоро ҳал кунем, то халқҳоямон дар фазои сулҳ ва дӯстии анъанавӣ зиндагӣ кунанд. Дар бораи ҳалли масъалаҳо ба манфиати таъмини сулҳу субот дар сарзамини қирғизҳову тоҷикҳо созишномаи усулӣ ба даст оварда шуд. Фикр мекунам, ки мо инро карда метавонем. Мо ҳама мушкилотро ҳарчи зудтар ҳал хоҳем намуд, халқҳоямон дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ хоҳанд кард ва суботи комил таъмин хоҳад шуд», — гуфт Ятимов.
Роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Ташиев тазаккур дод, ки протокол иборат аз чор банд қабул карда шуд.
«Мо протокол иборат аз чор бандро қабул кардем, ки ба манфиати ду кишвар мебошанд. Оре, имрӯз халқҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон рӯзҳои буҳронро аз сар мегузаронанд. Фоҷиа, фоҷиаи ду кишвар рух дод. Дар ин ҳангом мулоқот барои мо бисёр душвор буд, аммо бо вуҷуди ин, мо бо дастури сарони давлатҳо ин музокиротро баргузор кардем. Дар натиҷа, қарор қабул карда шуд, ки тирандозӣ комилан қатъ карда шуда, гурӯҳҳои низомӣ, ки дар наздикии сарҳад ҷойгиранд, ба ҷойҳои доимии худ бозпас гардонда шаванд. Умедворам, ки ба зудӣ дар кишварҳои мо, бахусус дар минтақаҳои наздисарҳадӣ оромӣ ҳукмфармо хоҳад буд», — гуфт Ташиев.
Акс аз рӯи навор








Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






