ҚУРБИ АСЪОР: дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон 1 евро аз 13.7075 то 13.8500 сомонӣ муқаррар шудааст
ДУШАНБЕ, 11.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА — 11.3200 сомонӣ;
1 евро – 13.7074 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1525 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.3200 то 11.3400 сомонӣ;
1 евро аз 13.7075 то 13.8500 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1525 то 0.1535 сомонӣ.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».