Варзишгари маъруфи тоҷик Баҳодур Усмонов ба даври нимниҳоии Чемпионати Осиё роҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 26.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари шинохтаи тоҷик Баҳодур Усмонов дар рӯзи дуюми рақобатҳои Чемпионати Осиё оид ба бокс бо муштзани кишвари Филиппин — Ҷон Паул Пануаян қувва санҷид. Муштзани шинохтаи тоҷик дар ду давр бартарии комил дошт. Дар раунди сеюм ӯ ҳарифашро зери зарбаҳои шадиди худ қарор дод ва довар қабл аз анҷоми вақт рақобатро боз дошта, пирӯзиро ба Баҳодур Усмонов дод. Дар ин бора шореҳи варзиши ТВ «Варзиш» Каримхон Бекматов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Ин варзишгари муваффақи тоҷик ба даври навбатии мусобиқот баромад. Акнун дар даври ½-ниҳоӣ Баҳодур Усмонов бо намояндаи кишвари Ҳиндустон сабқат мекунад. Ин маротиба низ Баҳодур мақсад дорад, то унвони чемпиони Осиёро дубора аз худ кунад. Ёдовар мешавем, ки Ассотсиатсияи байналмилалии бокс эълон намуд, ки барои ғолибони Чемпионати Осиё 10 ҳазор доллар, барои барандаи нишони нуқра 5 ҳазор доллар ва барои ҷойи сеюм 2,5 ҳазор доллар тақдим карда мешавад.
Хотиррасон мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа боз Миҷгона Самадова, Шоира Зулқайнарова, Нилуфар Бобоёрова, Иззатуло Алиев, Сомон Ғоибов, Саидикром Амонов ва Шаббос Негматуллоев намояндагӣ мекунанд.
Чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб 21 май оғоз ёфт ва то 1 июн идома меёбад.
Дар намуди бокс варзишгарони мо ду роҳхати Бозиҳои олимпӣ ба даст овардаанд. Баҳодур Усмонов дар вазни 64кг ва Шаббос Негматуллоев дар вазни 81кг Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио, ки аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор мешавад, намояндагӣ мекунанд.
АКС аз бойгонии шахсии Б. Усмонов








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






