ВКД-и Тоҷикистон аз ВАО даъват мекунад, ки иттилои носанҷидаро нашр накунанд

Май 5, 2021 10:26

ДУШАНБЕ, 05.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилооти интишорнамудаи як қатор расонаҳои қирғизиро дар бораи пурзӯр шудани назорати шиносномаҳои сокинони қирғизтабор дар ноҳияи Лахш рад мекунад.

Вазорати корҳои дохилии кишвар иттилооти мазкурро  нодуруст ва аз ҳақиқат дур меҳисобад.

«Далелҳои дар ВАО-и Қирғизистон интишорёфта аз ҳақиқат дур мебошанд. Дарвоқеъ, дар ноҳияи Лахш қирғизтаборони дорои ду шаҳрвандӣ  зиндагӣ мекунанд. Ин падидаи муқаррарист. Аммо, ҳолатҳои шадид шудани назорати шиносномаҳо ва ихроҷи шаҳрвандони Қирғизистон вуҷуд надоранд»,-гуфт сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Нусрат Маҳмадзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

Роҳбари маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ВАО даъват мекунад, ки вазъи бидуни ин ҳам мураккабро шадидтар накунанд ва иттилооти носанҷидаро интишор надиҳанд.

АКС аз  АМИТ «Ховар»

Май 5, 2021 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон