ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ. 87 сол пеш унвони олии варзишӣ — «Устоди шоистаи варзиши ИҶШС» таъсис шуда буд ва варзишгарони Тоҷикистон низ ба он сазовор шудаанд

Май 27, 2021 10:25

ДУШАНБЕ, 27.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27 майи соли 1934 дар ИҶШС унвони «Устоди шоистаи варзиш» — эътирофи баландтарини дастовардҳои варзишгарони шӯравӣ таъсис шуда буд. Он ба «устодони барҷаста — бунёдгузорони фаъоли тарбияи ҷисмонии шӯравӣ» дода мешуд. 5 июни соли 1934 бори нахуст маросими супоридани ин унвон баргузор шуд. Ба 22 варзишгар унвони «Устоди шоистаи варзиши  ИҶШС» дода шуд.

Нишони сарисинагӣ, ки расми онро Александр Немухин таҳия кардааст, соли 1935 тасдиқ шуда буд. Дар пасманзари рамзҳои шӯравӣ (ситора, парчам бо навиштаҷоти «ИҶШС», дос ва болға), ки даванда тасмаи марраи пойгаро пора мекунад, тасвир шудааст.

Ба ғайр аз варзишгарон ин унвони фахрӣ ба Юрий Гагарин, ки сарвари комиссияи техникии Федератсияи лижаронии оби ИҶШС буд, Герман Титов, Валентина Терешкова, Алексей Леонов, Александр Волков ва дигар фотеҳони коинот низ дода шудааст.

Ҳамагӣ зиёда аз 3 ҳазор нафар ба унвони Устоди шоистаи варзиши ИҶШС ноил гаштаанд. Дар байни онҳо варзишгарони Тоҷикистон низ ҳастанд, аз ҷумла:

Иброҳим Ҳасанов, чемпиони 12-каратаи ИҶШС оид ба заврақронӣ ва аввалин иштирокчии Бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон. Дар Олимпиадаи Рим ӯ ҷои чаҳорумро гирифт ва ба дастаи мунтахаби ИҶШС се хол овард. Устоди шоистаи варзиши ИҶШС, Мураббии шоистаи ИҶШС, номзади илмҳои тиб буд.

Андрей Абдувалиев. Чемпиони Бозиҳои олимпии соли 1992 оид ба гурзандозӣ, чемпиони дукаратаи ҷаҳон, чемпиони ИҶШС, Устоди шоистаи варзиши ИҶШС.

Зебинисо Рустамова. Чемпиони ҷаҳон дар ҳисоби дастаӣ дар солҳои 1985 ва 1987, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии 1976 дар Монреал, чемпиони чандинкарата ва ҷоизадори чемпионати Аврупо дар намудҳои инфиродӣ ва дастаӣ аз соли 1976 то 1987, барандаи медали нуқра дар мусобиқаи дӯстии соли 1984, чемпиони  чандкаратаи ИҶШС дар солҳои 1975-1987, рекордсмени чандинкаратаи ҷаҳон, Аврупо, ИҶШС, чемпиони чандинкаратаи мусобиқаҳои байналмилалӣ. Устоди шоистаи варзиши ИҶШС.

Юрий Лобанов. Чемпиони Бозиҳои олимпӣ оид ба заврақронӣ дар соли 1972, чемпиони 8-каратаи ҷаҳон, Устоди шоистаи варзиши ИҶШС.

Михаил Лобанов. Қаиқрон, миёнаи солҳои 70-ум дар ҳайати дастаи мунтахаби ИҶШС бозӣ мекард. Чемпиони дукаратаи ҷаҳон, қаҳрамони чемпионати умумииттифоқӣ, ғолиби чандкаратаи мусобиқоти қаиқронии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ. Дар мусобиқаҳо ӯ ҷамъияти варзишии «Тоҷикистон» -ро муаррифӣ мекард, Устоди шоистаи варзиши ИҶШС, бародари чемпиони олимпӣ Юрий Лобанов.

Анатолий Старостин, варзишгари панҷҳарба, чемпиони  дукаратаи олимпӣ ва қаҳрамони бисёркаратаи ҷаҳон. Устоди шоистаи варзиши ИҶШС.

Алексей Чередник, зодаи Душанбе, собиқ бозингари ДФ «Помир», Устоди варзиш (1984, дар ҳайати «Помир»), Устоди шоистаи варзиши ИҶШС (1989, дар ҳайати «Днепр» Днепропетровск). Дорандаи Ҷоми ИҶШС.

Пас аз ба даст овардани истиқлол ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ унвони фахрии «Устоди шоистаи варзиш» таъсис доданд. Дар тӯли ин солҳо варзишгарони зерин сазовори унвони Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон шудаанд:

Дилшод Назаров, гурзандоз, варзишгари рақами 1, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Осиё ва ҷаҳон пешсаф аст. Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон.

Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2008 дар Пекин, барандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон дар Рио-де-Жанейро, барандаи Ҷоми ҷаҳонии солҳои 2007, 2010, 2011 ва 2012, чемпиони Россия дар соли 2009.

Мавзуна Чориева, варзишгар-муштзани тоҷик, ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ ва чемпионатҳои ҷаҳон. Нахустин зани муштзани тоҷик дар таърих, ки сазовори медали олимпӣ шудааст. Дар чемпионати ҷаҳон дар соли 2012 медали биринҷӣ ба даст овард ва инчунин дар ҳамин сол барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё гардид.

Соли 2020 ба Комроншоҳ Устопириён ва Сомон Маҳмадбеков, ду паҳлавони ҷавон, ки шарафи ҷумҳуриро ҳимоя мекунанд, унвони «Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон» дода шуд.

АКС аз бойгонӣ

Май 27, 2021 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд