13 июн дар Душанбе Ниммарафони байналмиллалии Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад

Июнь 11, 2021 08:50

ДУШАНБЕ, 11.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 13 июни соли  равон дар шаҳри Душанбе Ниммарафони байналмиллалии Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад. Масофаи Ниммарафон 21 километру 97 метрро дар бар гирифта, он  аз назди «Эстакадаи Қарияи боло»- хиёбони Исмоили Сомонӣ 70 оғоз шуда, дар майдони Исмоили Сомонӣ хотима меёбад. Сабқати мазкур соати  08:00 оғоз мегардад. Хоҳишмандон бояд худро рӯзҳои 11 -12  июн ба қайд гирифта, ҳамчунин маълумотномаи тиббӣ пешниҳод намоянд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар Ниммарафони байналмиллалии СҲШ шахсони алоҳида ва кормандони корхонаю ташкилот, муассисаҳои ватанию хориҷӣ метавонанд ширкат варзанд.  Дар дави мазкур занону мардон ҳуқуқи иштирок намуданро доранд. Ғолибонро медал ва мукофотҳои пулӣ (аз 300 то 1500 доллар) интизор аст.

Ёдовар мешавем,ки  Ниммарафони байналмилалӣ дар доираи раисии Тоҷикистон дар СҲШ доир шуда, мақсад аз он тақвияти ҳамкории кишварҳои аъзои созмон тавассути баргузории чорабиниҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ, рушди сайру саёҳати дохила ва беруна, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ҷалби пайвастаи сокинон ба бозиҳои варзишию тарбияи ҷисмонӣ мебошад.

Акс аз бойгонӣ

Июнь 11, 2021 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд