19 июн мавсими нави лигаи касбии футзали Тоҷикистон оғоз меёбад
ДУШАНБЕ, 03.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон 1 июн қуръакашии тақвими бозиҳои Лигаи касбии Тоҷикистон-2021 баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мавсими нави Лигаи касбии футзали кишвар, ки сарпарасти асосии он ширкати миллии букмекерии «Формула-55» мебошад, 6 даста — «Сипар» (Хуҷанд), «Соро компания», «Истиқлол», «Пойтахт», «Амонатбонк» (ҳама аз — Душанбе) ва «Самандар» (Турсунзода) иштирок мекунанд.
Тибқи натиҷаҳои қуръакашии тақвими бозиҳо, дар даври аввал рӯзи шанбеи 19 июн «Истиқлол» — «Самандар», «Соро компания» — «Амонатбонк» ва «Пойтахт» — «Сипар» бозӣ мекунанд.
Тибқи низомнома, дар марҳилаи аввали чемпионат бозиҳо аз рӯи системаи даврӣ, дар ду давр бо тартиби «хона — меҳмонӣ» баргузор мешаванд. Дар охири марҳилаи якум ду дастаи аввал ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Дастаҳои дар ҷойҳои 3-6 — ум қарордошта барои муайян кардани ду иштирокчии дигари 1/2 финали лига дар даври иловагии плей-офф бозӣ мекунанд. Бозиҳо бо силсилаи то ду бурд идома меёбанд. Ғолибони бозиҳои 1/2 финал дар финал бозӣ мекунанд, дастаҳое, ки бозиҳоро бохтаанд барои дарёфти медалҳои «биринҷӣ» мубориза хоҳанд кард. Қувваозмоӣ барои ҷойи сеюм аз як бозӣ ва силсилаи финалӣ — аз бозиҳо то бадаст овардани се ғалаба аз тарафи яке аз дастаҳо иборат хоҳанд буд.
Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021
Давраи 1-ум
19 июн (шанбе)
12:00 – «Истиқлол» – «Самандар»
15:00 – «Соро компания» – «Амонатбанк»
18:00 – «Пойтахт» – «Сипар»
АКС: ФФТ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






