Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ва ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 дар деҳоти Корез

Июнь 16, 2021 06:57

ДУШАНБЕ, 16.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Хатлон ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд.

Ҳадафи ташрифи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз бахшидан ба фаъолияти як зумра иншооти нав, шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии ҳосилу гузаронидани кишти такрорӣ ва мулоқот бо фаъолон мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара нахуст бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59-ро ифтитоҳ намуданд.

Бинои нави муассисаи таълимӣ аз ду қисм ва 4 ошёна иборат буда, масоҳати умумии қитъаи замини он наздики 2 гектарро дар бар мегирад.

Дар маҷмуъ бинои нави муассисаи таълимӣ барои 1240 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Муассисаи нави таълимӣ дорои утоқҳои фаннии физика, кимиё, биология ва компютерӣ мебошад, ки онҳо бо 25 адад компютер, 24 ҷуфти мизу курсӣ ва таҷҳизоти лабараторӣ барои гузаронидани озмоишҳо таъмин гардидааст.

Фароҳам овардани шароит имкон медиҳад, ки ҳавасмандии насли наврас дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои аз худ кардани илмҳои дақиқ бештар шавад.

Дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” синфхонаҳои таълими меҳнат барои духтарон бо дастгоҳҳои адрасбофӣ, қолинбофӣ, мошинҳои дӯзандагӣ ва синфхонаҳои таълими меҳнат барои писарон бо асбобҳои дуредгарӣ, тахтабурӣ ва коркарди оҳан муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави муассисаи таълимиро дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи маориф муҳим арзёбӣ намуда, насли наврасро бо истифода аз чунин шароити муосир барои омӯзиши илмҳои замонавӣ ҳидоят карданд.

Барои баланд бардоштани қобилияти зеҳнии хонандагон муассиса дорои синфхонаҳои шоҳмот, толори варзишии замонавӣ бо 100 ҷойи нишаст, ошхона барои 60 нафар, маҷлисгоҳ бо 150 ҷойи нишаст ва китобхона бо 20 ҷойи нишаст мебошад.

Толори варзишии муассиса дорои тенниси рӯи миз, таҷҳизот барои обу тоби бадан, бозии волейбол ва баскетбол мебошад.

Дар бинои қаблии муассиса норасоии ҷойҳои нишаст барои хонандагон ва набудани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб мерафт. Мактаби куҳна ҳамагӣ 6 синфхона дошт. Ҳамасола зиёдшавии шумораи хонандагон дар маҳаллаи 11 деҳоти Корези ноҳияи Данғара ва бештар шудани талабот ба омӯзиши илмҳои замон бошад, заруратро барои бунёди чунин як муассисаи таълимӣ тадриҷан дучанд менамуд.

Ҳаминро ба инобат гирифта соли 2019 бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 бо ҷалби сармоя оғоз гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарҳи бунёди бино баҳои баланд дода, омӯзгоронро барои истифодаи пурра аз имконият ва масъулиятшиносӣ ҷиҳати таълиму тарбияи наврасон вазифардор намуданд.

Ҳамзамон дар шафати бино майдончаи зебову замонавии варзишӣ ба истифода дода шудааст.

Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 бо сохти меъмории замонавӣ бунёд ва дар саҳнаш гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст.

Ҳамчунин бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар саҳни муассиса дар баландии 17,5 метр парчам барафрохта шуда, гирду атрофи он бо сохти меъмории замонавӣ оро дода шудааст.

Бартарӣ додан ба истифодаи масолеҳи сохтмонӣ аз истеҳсолкунандагони ватанӣ агар аз як ҷониб сифати беҳтари корро таъмин намуда бошад, аз ҷониби дигар ин дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба фаъолияти бахши хусусӣ дониста мешавад.

Ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 дар маҳаллаи 11 деҳоти Корези ноҳияи Данғара дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи раванди созандагиҳо дар мамлакат сурат гирифта, имкон медиҳад, ки хонандагон дар шароити муосир донишҳои замонавиро азхуд намоянд.

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Данғара ва ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 дар деҳоти Корез 16.06.2021

Июнь 16, 2021 06:57

Хабарҳои дигари ин бахш

«ХУТТАЛИ ҚАДИМ…». Ба муносибати 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон маҷмуаи илмӣ аз чоп баромад
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Ҷамоати шаҳраки Шарора корхонаҳои истеҳсоли хишт ва семент ба истифода дода мешаванд
Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ»-ро тасдиқ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор 231 синфхона барои 5544 хонанда дар як баст бунёд карда мешавад
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БЕНАЗИР АСТ. Ва ё вазифае муҳимтар аз нигаҳдорӣ ва таҳкими истиқлолияти Тоҷикистон нест
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
Собиқадори хизмати давлатӣ Тоҳир Рашид: «Обод намудани Ватан ибодат ва аз гӯшаи имон аст»
Модели Тоҷикистони навин — самараи таълимоти ҳуқуқии Пешвои миллат
РУШДИ ПАРАНДАПАРВАРӢ. Дар корхонаи «Тухми Соф»-и Истаравшан беш аз 80 ҳазор сар паранда парвариш карда мешавад