26-27 июн бозиҳои даври ёздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ доир мегарданд
ДУШАНБЕ, 23.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 26-27 июни соли равон бозиҳои даври ёздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мешаванд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар даври мазкур, дастаҳои футболи КМВА-и шаҳри Душанбе бо «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Эсхата»и шаҳри Хуҷанд ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе байни ҳам рақобат мекунанд.
Мавриди зикр аст, ки 20-21 июни соли равон бо баргузор шудани бозиҳои даври даҳум марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ оғоз ёфта буд. Дастаи нави лигаи олӣ «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд дар ин давр бар дастаи «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 3:1 ғалаба карда, ба ҷои аввали ҷадвали чемпионат баромад. Дар дақиқаи 21-и бозии «Эсхата» ва «Душанбе» Даниел Тэгу аз дастаи «Душанбе» ҳисобро боз кард. Вале ҳамдастааш Фарҳод Қосимов ба дарвозаи дастаи худашон гол зада, ҳисобро баробар намуд. Баъд аз ин футболбозони пойтахт ба худ наомаданд ва мизбонон ду голи дигар заданд. Ин корро Боҳирҷон Сангинбоев дар дақиқаи 48 ва Парвиз Алиев дар дақиқаи 94 иҷро карданд.
Дар бозии дигар бошад, дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бар дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Голҳои дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтарро Сунатулло Исмоилов, Нуриддин Ҳамроқулов, голи дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъро Маҳмадалӣ Содиқов ба номашон сабт карданд.
Дар бозии марказии давр дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 4:1 мағлуб намуд. Панҷ голи ин вохӯрии ҷолибро бозингарони дастаи «Истиқлол» заданд – 4 тӯб ба дарвозаи ҳариф тавассути зарбаҳои нишонраси Рустам Соиров, Муҳаммадҷон Раҳимов, Манучеҳр Ҷалилов, Рёта Нома, як тӯб ба дарвозаи худ – Алексей Ларин.Дар ду бозии дигар дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бар «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бар КМВА-шаҳри Душанбе бо ҳисоби якхелаи 2:1 ғалаба карданд.
Чемпионати Тоҷикистон-2021
Лигаи олӣ. Даври 10-ум
«Истиқлол» – «Хуҷанд» – 4:1
Голҳо: Рустам Соиров, 3 (1:0). Муҳаммаҷон Раҳимов, 33 (2:0). Алексей Ларин, 46 (худгол) (2:1). Манучеҳр Ҷалилов, 55 (3:1). Рёта Нома, 69 (4:1).
«Куктош» – «Равшан» – 1:2
Голҳо: Аваз Қамчинов, 43 (0:1). Ҳасан Рустамов, 59 (0:2). Амирҷон Сафаров, 61 (1:2).
«Истаравшан» – КМВА – 2:1
Голҳо: Илҳом Баротов, 48 (1:0). Илҳом Баротов, 85 (2:0). Шодибек Ғаффоров, 87 (2:1).
«Файзканд» – «Хатлон» – 1:2
Голҳо: Сунатулло Исмоилов, 8 (0:1). Нуриддин Ҳамроқулов, 35 (0:2). Маҳмадалӣ Садиқов, 90+3 –пеналти (1:2).
«Эсхата» – «Душанбе» – 3:1
Голҳо: Даниэл Тэгу, 21 (0:1). Фарҳод Косимов, 29 – (худгол) (1:1). Боҳирҷон Сангинбоев, 48 (2:1). Парвиз Алиев, 90+4 (3:1).
Ҳамин тариқ, бо натиҷагирӣ аз 10 даври бозиҳо дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо 17 хол ба ҷои аввали ҷадвали чемпионат баромад. Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо як хол камтар дар ҷои дуюм, дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бошад, бо 15 хол дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.
| Б | Ғ | М | Б | Голҳо | +/- | Х | ||
| 1 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 10 | 5 | 2 | 3 | 19-15 | +4 | 17 |
| 2 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 9 | 5 | 1 | 3 | 18-12 | +6 | 16 |
| 3 | «Хатлон» (Бохтар) | 9 | 4 | 3 | 2 | 11-18 | -7 | 15 |
| 4 | «Равшан» (Кӯлоб) | 9 | 3 | 3 | 3 | 12-12 | 0 | 12 |
| 5 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 9 | 3 | 3 | 3 | 10-10 | 0 | 12 |
| 6 | «Файзканд» (Восеъ) | 9 | 3 | 3 | 3 | 9-9 | 0 | 12 |
| 7 | «Куктош» (Рӯдакӣ) | 10 | 3 | 2 | 5 | 11-18 | -7 | 11 |
| 8 | «Истиқлол» (Душанбе) | 4 | 3 | 1 | 0 | 8-2 | +6 | 10 |
| 9 | «Душанбе» (Душанбе) | 9 | 2 | 3 | 4 | 14-19 | -5 | 9 |
| 10 | КМВА (Душанбе) | 10 | 1 | 3 | 6 | 10-17 | -7 | 6 |








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






