Ҷамолиддин Абдуллозода ва шарикони рушд бо сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар якчанд муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон шинос шуданд

Июнь 3, 2021 16:04

ДУШАНБЕ, 03.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 2 июн Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо намояндагони ташкилотҳои байналмиллалӣ ба вилояти Хатлон сафар намуда,  бо  вазъи феълии хизматрасониҳои тиббӣ дар як зумра муассисаҳои тандурустии вилоят шинос шуданд.

Ҷамолиддин Абдуллозодаро дар ин сафар Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Точикистон Ян-Питер Олтерс,  Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноглу, Намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Осама Маккавӣ,  инчунин   намояндагони   Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон (Лоиҳаи ТЕС-19), Агентии Япония  оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) ҳамроҳӣ намуда, онҳо  аз якчанд муаасисаи соҳаи тандурустии вилоят дидан намуданд.

Тавре аз маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мақсад аз сафари ҳайати корӣ шиносоӣ бо ҷараёни  муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои тиббӣ   ва вазъи феълии хизматрасонии тиббӣ  мебошад.

Зимни сафар Ҷамолиддин Абдуллозода бо доираи васеи намояндагони ташкилотҳои байналмиллалӣ аз Беморхонаи марказӣ ва сироятии шаҳри Кӯлоб, Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара ва дигар иншооти соҳавӣ дидан намуданд.

Ҳамзамон таҳти роҳбарии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат меҳмонон ба Беморхонаи марказии  шаҳри  Кӯлоб дар Зарқалъа ташриф оварда, бо шароити   хизматрасонии тиббӣ дар муассисаи мазкур шинос шуданд ва ҷиҳати дастовардҳои соҳавӣ бо мутахассисони беморхонаи мазкур  гуфтушунид доир намуданд.

Ҳамзамон дар доираи сафар ба ноҳияи Данғара гурӯҳи корӣ аз шароити таълиму тарбия ва касбомӯзии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дидан намуда, бо барномаҳои таълимии устодон шинос гардиданд.

Баъд аз анҷоми сафари корӣ намояндагони ташкилотҳои байналмиллалӣ аз ҳамкории пайваста бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҷанбаҳо,  хосатан дар бахши тандурустӣ изҳори хушнудӣ намуда, ба сатҳи  феълии хизматрасонии тиббӣ дар минтақа баҳои  хуб доданд. Онҳо   бобати боз ҳам беҳтар намудани вазъи хизматрасонии тиббӣ дар вилояти Хатлон, хосатан дар самти таъмини марказҳои саломатӣ бо дастгоҳу лавозимоти тиббӣ барои ҳамкорӣ ва кӯмак ҳавасмандии хешро иброз намуданд.

Мавриди  зикр аст, ки тайи солҳои охир дар доираи ҳамкории пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикон оид ба рушд дар саросари мамлакат дастгоҳу лавозимоти тиббӣ зиёд гардида,  сатҳи  хизматрасонии тиббӣ ба шаҳрвандон  беҳтар мегардад.

АКСҲО: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Июнь 3, 2021 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ДЕКАБР -РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Давоми се соли охир дар Тоҷикистон нишондиҳандаи маъюбӣ 7 фоиз паст фароварда шуд
«БЕҲТАРИН ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН». Имрӯз маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Дохил шудан ба низоми хизмати давлатӣ ва фаъолият дар он барои ҳар хизматчии давлатӣ шараф ва ифтихор аст
ХУШҲОЛОНА ЗИНДАГӢ НАМО – АЗ ВАЗЪИ СОЛИМИИ ХУД ОГОҲ БОШ! Дар Академияи идоракунии давлатӣ вохӯрӣ баргузор гардид
ТАДБИРҲОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҚОМИ ЗАН ДАР ҶОМЕА. Аз тасвиби ин Фармони таърихии Президенти Тоҷикистон 24 сол сипарӣ гашт
1 ДЕКАБР- РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ОДАМ (ВНМО-ВИЧ/СПИД). Соли 2023 дар ҷаҳон тақрибан 1,7 миллион сирояти нав ба қайд гирифта шудааст
«БЕҲТАРИН ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН». 77 довталаб аз ҳисоби занон ба даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд
ЗИМИСТОН ФАРО РАСИД. Дар моҳи аввали ин фасл Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи нахустини Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Минск иштирок намуд
Дар Душанбе бо мақсади баланд бардоштани ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ҷаласа доир гардид
Бонки Осиёи Рушд бо мақсади фарогирии хизматрасонии босифати тиббӣ ба ноҳияҳои таҷрибавӣ — Дарвоз, Данғара ва Айнӣ маблағи иловагӣ ҷудо менамояд