Ҳарифони дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 муайян шуданд

Июнь 25, 2021 08:34

ДУШАНБЕ, 25.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар шаҳри Куала Лумпур қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни дастаҳои мунтахаби бонувон сурат гирифт. Дар ин марҳила 28 даста дар ҳашт гурӯҳ ширкат мекунанд. Дастаи мунтахаби футболи бонувони Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои мунтахаби Ветнам, Малдив ва Афғонистон бозӣ хоҳад кард.

Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бозиҳои дастаи мунтахаби футболи бонувони Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» 13-25 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе доир мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки  ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 20 январ то 6 феврал дар Ҳиндустон баргузор мешавад, ғолибони 8 гурӯҳ роҳхат мегиранд. Се дастаи беҳтарини Ҷоми Осиё-2018 – Япония, Австралия ва Чин аз марҳилаи интихобӣ озоданд ва мустақим дар марҳилаи финалӣ бозӣ мекунанд.

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни тимҳои бонувон:
Гурӯҳи «А»: Тайпэйи Чин (мизбон), Баҳрайн, Туркманистон, Лаос.

Гурӯҳи «В»: Ветнам, Тоҷикистон (мизбон), Малдив, Афғонистон.

Гурӯҳи «С»: ҶХД Корея, Сингапур, Ироқ, Индонезия (мизбон).

Гурӯҳи «D»: Мянма (мизбон), АМА, Гуам, Лубнон.

Гурӯҳи «Е»: Кореяи Ҷанубӣ, Ӯзбекистон, Муғулистон (мизбон).

Гурӯҳи «F»: Филиппин, Ҳонг Конг, Непал (мизбон).

Гурӯҳи «G»: Урдун, Эрон, Бангладеш (мизбон).

Гурӯҳи «Н»: Тайланд, Фаластин, Малайзия.

Июнь 25, 2021 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд