«Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» тасдиқ гардид

Июнь 23, 2021 11:30

ДУШАНБЕ, 23.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025″  тасдиқ гардид. Дар ин бораи қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 22 июни соли 2021 ба тавсиб расид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Сарраёсати молияи  пойтахт вазифадор гардидааст, ки  барои татбиқи барномаи мазкур дар соли 2021 аз ҳисоби маблағҳои ба соҳаи маориф ҷудошуда ва солҳои минбаъда ҳангоми таҳияи буҷети шаҳри Душанбе маблағҳои зарурӣ  пешбинӣ намояд.

Тибқи қарори мазкур Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози «Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» муқаррар гардида, ҳар сол то 20 ноябр ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба амалӣ гардидани  он гузориш пешниҳод менамояд.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Июнь 23, 2021 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд